Курсҳои омўзишӣ дар мавзўи «Моликияти зеҳнӣ»

Санаи 12 ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон курсҳои омўзишӣ барои омўзгорон, аспирантон ва донишҷўён дар мавзўи «Моликияти зеҳнӣ» баргузор гардид. Ин иқдом, ташкили  курсҳои омўзишӣ дар мавзўи «Моликияти зеҳнӣ» аз ҷониби  Муассисаи давлатии «Маркази патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омўзонидани омўзгорон, аспирантон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд роњандозї гардид.

Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсияи донишгоҳ Ризоқулов Т.Р. ифтитоҳ намуд. Сипас, намояндагони МД «Маркази патенту иттилоот» Боиров Ф., Шарифов С., Бухориев А., Шарифбоев М. дар мавзўъҳои моликияти зеҳнӣ, ихтироот, намунаҳои саноат, тамғаҳои молӣ, топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ маълумот доданд. Баъдан, дар қисмати музокирот иштироккунандагон ба саволҳояшон посух гирифтанд.

Курси омӯзиши дар ДДҲБСТ санаи 13 ноябр низ идома ёфт ва  ҳамчунин дар назар аст, ки он барои муҳассилини ДПДТТ, ДИС ДДТТ ва филиали ДТТ дар шаҳри Исфара бо намояндагони МД «Маркази патенту иттилоот» давом ёбад.

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like