ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ, СОЗАНДАЮ БУНЁДКОР

Бузургмарде фармудааст, ки аҳамият ва шукўҳу шаҳомати ҳар ҳодисаи бузурги таърихӣ бо мурури замон муайян мешавад ва ҳамин нуқтаро ба Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбат дод.

Гарчанде 30 – 32-сол дар назди таърих начандон муддатест, дар ин фурсат дар назди миллати ҷафокашидаи тоҷик оид ба сарҷамъ намудани беш аз як миллион фирориён, қабули Сарқонун, рамзҳои давлатӣ ва дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ беҳдошти вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Махсусан дар кори Иҷлосия хизмати гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии вакили мардумӣ Абдумаҷид Достиев назаррас мебошад. Гурўҳи корӣ ҳар рўз оид ба ин ё он масоили Сарқонун, Муқаддасоти миллӣ фикру мулоҳизаҳои мутахассисонро мавриди муҳокима қарор медод ва дар охир он қабул мешуд. Умуман вакилон баҳри таҳкими давлату давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмати шоиста намудаанд.

Сарвари тозаинтихоби давлатамон Эмомалӣ Раҳмон аз 193 вакил, ки ба тарфдории интихоби ў 186 вакили мардумӣ овоз доданд, дар нахустин суханрониашон қайд намудаанд, ки: «Ман вазифаи хешро маҳз аз сулҳ сар мекунам, то як муҳоҷир берун аз Ватан монад, ман худро осуда ҳис намекунам. Маҳз сулҳу субот омили ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеаи навини мо мебошад. Кўшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳарчӣ бештар фирориёнро ба Ватан баргардонем. Фақат мо бо меҳнати суботкоронаамон Ватани худро обод карда метавонем». Сарвари давлат аз нуқтаи назари одамият инсони заҳматдўст, қавиирода, дилсўз, ботамкин, дилкушод буда, дар сўҳбат бо одамон дурбину хайрхоҳ,  некпиндору некрафторӣ дар ин фарзанди содиқи халқ пурра таҷассум ёфтаанд.

Сарвари тоҷикон давоми солҳои роҳбарӣ миллатро сарҷамъ намуда, бо дили гарм, содиқона ва пайгирона баҳри ободии Ватан ва шўҳратёфтаи кишвар заҳматҳои зиёде ба харҷ медиҳанд.

Раиси Шўрои Олии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар рўзҳои аввалини фаъолият дар мусоҳиба бо мухбирон гуфта буданд: «Вазифаҳои асосии ман иборат аз он аст, ки гурўҳҳои силоҳбадаст бо ҳамдигар гуфтушунид намояд ва ба мувофиқа бирасанд, байни онҳо ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд ояд, пас иқдоми нави сарҷамъии миллати ҷафокашидаамон ҳатман шурўъ мешавад».

Сарвари давлат интихоб шудани фарзанди бошарафи миллат Эмомалӣ Раҳмон, қасами он кас, муроҷиаташон ба халқи шарифи тоҷик (02.12.1992), ки дар он роҳҳои аз ҳолати бўхрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ наҷот додани ҷумҳурӣ акс ёфта будааст, аз ҷониби мардуми заҳматкаш гарму ҷўшон қабул гардид.

Дар Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Иҷлосияи дувуми (даъвати 12-ум) Шўрои Олӣ 24 августи соли 1990 қабул шудааст қайд мешавад: «Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ягонагӣ ва ҳукумравонии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди ҶТ ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ маънидот шудааст».

Умуман  Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олӣ 23 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, тибқи онҳо якдилона қарор қабул намуд.

Давлати соҳибистиқлол дар ин солҳо амнияти миллати парокандашударо таъмин намуда, кафолат дод, ки гурўҳҳои силоҳбадаст ҳарчӣ зудтар сулҳу салоҳ намоянд ва ба зиндагии осудаҳолонаи аҳолии кишвар халал нарасонанд.

Танҳо муттаҳидӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистони азизро ба давлати соҳибистиқлол, ғанию муттарақӣ табдил диҳем. Бояд ҳаминро қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шўрои Олӣ ва сардори давлат баъд аз 2 соли фаъолияташон моҳи ноябри соли 1994 бо аксарияти овозҳо дар интихоботи мансаби Президент пирўзӣ ба даст оварданд.

Роҳбарияти Шўрои Олӣ таҳти раисии Акбаршроҳ Искандаров дар мўҳлати на он қадар зиёд ду қутби сиёсӣ – тарафдорони сохти конститутсионӣ ва тарафдорони мухолифини тоҷикро барпо намуд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки сохторҳои қудратии кишвар бо дастгирии пуштибонони хориҷиашон бетарафиро ишғол менамуданд.

Кор ба он омада расид, ки роҳбарияти давлату ҳукумат ҳалли умдатарин масъалаҳои ҳаёти сиёсии мамлакатро дар бинои дивизияи 201 Вазорати мудофиаи ФР мегузарониданд.

Боз фикру мулоҳизаҳое буданд, ки иҷлосия берун аз мамлакат ҳатто дар шаҳри Термизи Ҷумҳурии Ўзбекистон, инчунин дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва дигар минтақаҳо гузаронида шавад. Ақли солим ғалаба кард ва бо пешниҳоди вакилони мардуми собиқ вилояти Ленинобод, яъне дар вилояти Суғд кори Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Қасри Арбоби хочагии ҷамоваии ба номи  С. Ўрунхоҷаев ба кор оғоз кард. Дар он аз 230 нафар вакилони халқ 193 кас иштирок доштанд, ки 37 нафар вакилон иштирок накарданд. 3 нафар фавтида буданд ва 4 нафар дар ҷаласаҳои минбаъда иштирок намуда, 30 нафарашон тамоман дар кори он ҳузур надоштанд.

Иродаи халқ бечуну чаро бартараф кардани зуҳуроти зиддиконститутсиониро талаб мекард.

Маҳз аз ҳамин сабаб гузаронидани Иҷлосия дар шаҳри Душанбе имконпазир набуд. Чунки таъмини бехатарии вакилонро ҳеҷ кас ба зимма намегирифт.

Рўзи дуюми кори иҷлосия 17 ноябри соли 1992 ҳамаи вазирон раисони кумитаҳои Шўрои вазирон ба ҷаласаи Шўро даъват шуда буданд. Раиси Шўрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров суханронӣ намуд, вакилони мардуми лозим донистанд, ки раис ва ҳайати Шўрои Олӣ бинобар таъмин накардани беҳдошти вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат ба истеъфо раванд. Санаи 18-ноябр пас аз мубоҳисаҳои тўлонӣ рӯзномаи кории иҷлосия тасдиқ карда шуд, ки аз 23 масъала иборат буд. Дар иҷлосия аз ҷумла, масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

1.Тадбирҳо оид ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Тоҷикистон, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои ИДМ дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани нерeҳои сулҳдeст, интихоби раиси Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин намудани сарвазири Тоҷикистон, оид ба аризаи Президенти Тоҷикистон Набиев Р. Н, оид ба дохил намудани тағйирот ба моддаҳои 102 ва 174  Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тартиби ба ҷои муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон, дар бораи тасдиқ намудани аъзои девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст ба гурўҳҳои зайл тақсим намудан  мумкин аст:

1) Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои барқарор ва мустаҳкам намудани фаъолияти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Бо мақсади таъмини фаъолияти мeътадили Шeрои Оли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба дохил намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти вакилони халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Дар заминаи ҳамин тағйирот дар Қонун Қарори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати вакилони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихобии алоҳида, ки бо сабаби иваз намудани манзили доимии зист ва кори доимӣ ҳудуди Тоҷикистонро тарк кардаанд ва ба интихобкунандаҳои худ алоқа надоранд”қабул карда шуд.

Бо қарори махсуси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  А.М. Саидова  ва В.И. Приписнов аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.

Дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Вакилони мардумӣ камолоти сиёсии худро нишон дода дар вазифаҳои худ  бомасъулият ва дурандешона амал намуда, барои ҳалли муаммоҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву маънавӣ дар кишвар тамоми донишу таҷрибаи худро равона сохтанд.

Ин иҷлосияро  барои он тақдирсоз  ё сарнавиштсоз меноманд, ки ҳақиқатан  тақдири халқамонро  ҳал намуд. Чунон, ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гуфтаанд;

“Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд”.

Оғози кори нек бо изҳороти Эмомалӣ Раҳмон “Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем то охирин тоҷики гуреза ба ватан барнагардад ман худро осуда ҳис намекунам” ибтидо гирифта буд.

Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти мақсади мазкур як қатор санадҳои ҳуқуқиро аз қабили қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20-ноябри соли 1992  “Оид ба қабул намудани истеъфои Набиев Р.Н. аз вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, “Оид ба интихоботи муовини Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи аз вазифаи сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирзоев Акбар”, “Дар бораи ба рузномаи кории Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ворид намудани баррасии масъалаи ҳокимияти президентӣ” (аз 21-ноябри соли 1992).

“Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 20 –ноябри соли 1992) ва ғайра баррасӣ намуд.

2) Ба гурўҳи дуюм он санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро дохил намудан мумкин аст, ки моҳиятан барои  таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ созгоранд.

Дар ин самт махсусан ҳуҷатҳои зеринро номбар кардан зарур аст:

“Дар бораи муроҷиати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёси, ҳаракатҳо ва иттиҳодияҳо ба ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ” ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Оиди 25-ноябри соли 1992-ро рeзи сулҳ ва оштии миллии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштан”

Қобили тазаккур аст, ки иқдоми нахустин дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ  27-июни соли-1992 дар шаҳри Хоруғ ба амал омада буд. Дар он 80 нафар роҳбарон, намояндагони ҳизбҳо, иттиҳодияҳои сиёсӣ, уламо, федератсияи иттифоқҳои касаба, созмони ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ, ва ғайра аз тамоми мавзеъҳои ҷумҳурӣ ҷамъ омада ба созишномаи сулҳ имзо гузошта буданд.

Мутаасифона раёсати Ҳизби демократӣ, Наҳзати Ислом, ҷамъиятҳои “Растохез” ва “Лаъли Бадахшон” шартҳои дар созишнома тавсияшударо иҷро накарданд, неруҳои мусаллаҳи худро пароканда намуда, дар масъалаи дар муҳлати муқарраршуда супоридани яроқ кӯшише ба харҷ надоданд.

Раиси Шурои Олӣ Э.Ш. Раҳмонов бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ аз сарони гуруҳҳои силоҳбадаст даъват ба амал оварданд, ки онҳо 25-ноябри соли 1992 соати 14 дар кори Иҷлосияи Шeрои Олӣ  ширкат намоянд  ва Ҳукумати Тоҷикистон бехатарии эшонро кафолат медиҳад. Лаҳзаи фаромушнашаванда фаро мерасид, ба Иҷлосия сарони гурўҳҳои таклифшуда бо сарварии  С. Сафаров (фронти халқӣ) ва Ҷумъа Буйдоқов (мухолифин) ҳозир шуданд. Ҳамин тариқ роҳи интихобкардаи Раиси Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов дар ҳамрайъӣ ба вакилони мардуми  заминаҳои гуфтушунидҳои оянда ва имзошавии умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии кишвар  гардид.

Аммо барои ташаккули пурраи ваҳдати миллӣ ҳалли монеаҳои бештар дар шакли омилҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ мавҷуд буданд. Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди воқеии таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири миллати ояндаи тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сўи ҳадафҳои бузурги  умумимиллӣ, сулҳу субот, ва ваҳдати  миллӣ  қадамҳои нахустин гузошта шуд.

Иҷлосия ғайр аз ин, ки дар як давраи беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ  роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намуд ва хатари пош хўрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати куҳанбунёди тоҷикро аз байн бардошт, рамзҳои давлати соҳибистиқлоли  тоҷикон – Парчам  ва Нишони давлатиро тасдиқ ва қабул намуд, ки он эҳсоси  ватандустӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бо нангу  номусро меафзуд, зеро то он замон мо рамзҳои мутобиқ ба талабот ва шароити давлати соҳибистиқлол, яъне Парчам ва Нишони давлатӣ, суруди Миллӣ надоштем, дар кишваре, ки аллакай дар шароити истиқлолият зиндагӣ дошт , Конститутсияи соли-1978 амал мекард.

Ҳамин тариқ, бо шарофати ин иқдом ба тавлиди сохти нави давлату давлатдорӣ ва эъмори ҷомеаи тозаистиқлол ибтидо гузошта шуд.  Ва бунёди давлати демократӣ ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҷомеаи Тоҷикистон қарор дошт. Иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста  ба волоияти қонун асос гузошт.

“Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба суи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд”.

Ин Иҷлосия дар таърихи халқу миллати мо ҳамчун воқеаи сиёсию тақдирсоз дохил гардида, бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Чи хеле, ки маълум аст  Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба ҳайси раиси Шурои Олӣ интихоб гардид ва бо кўшишу талошҳои пайвастаи ӯ алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомуш гардида,  барои Тоҷикистону тоҷикистониён сохтори нави ҳокимият, бахусус  мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллиро таъсис дода, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳаё намуд.

Аз ҳама муҳимаш ҳамин буд, ки 19-ноябри соли 1992  Шурои Олии Ҷумҳурӣ дар бораи раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов қарор қабул кард. Раиси нави Шурои Олӣ аз рузҳои аввали ба арсаи сиёсат қадам гузоштанаш талоши азму иродаро  барои муттаҳид кардани мардуми сангтақдир бахшид. Дар Қасри Арбоб тантанаи ҳақиқату адолат, сулҳу оштӣ, ваҳдату якдилӣ баланд садо дод. Он рузи мурод ифодаи орзуи халқ, оғози ваҳдати тоҷикону тоҷикистониён  буд.

Оғози кори нек бо изҳороти Эмомалӣ Раҳмон “Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем то охирин тоҷики гуреза ба ватан барнагардад ман худро осуда ҳис намекунам” ибтидо гирифта буд.

Шаҳодати ин гуфтаҳо “Қонун дар бораи гурезаҳо” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгари ҷинойи интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27- 03 то 25-10  1992 дар минтақаҳои даргир ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд” мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ба қавли худ вафо кард 6-ноябри соли 1994 сокинони кишвар бо афзалияти зиёд eро Президенти кишвар интихоб намуданд.

Ҳамзамон Сарқонуни пешниҳоднамудаи ӯ аз ҷониби халқ пазируфта шуд. Панҷ сол пас боз дар моҳи шарифи ноябр гурезаҳои охирин ба ватан баргаштанд. Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин омилҳои нек бо шарофати баргузории  Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи худро ёфтанд.

Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи самимӣ ва тавоно аст, ки пеши роҳи ҳаргуна моҷароҷуиро гирифта метавонад ва обруву нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз менамояд. Маҳз ҳамин Иҷлосия буд, ки манфиатҳои умумимиллӣ боло гирифта, қувваҳои солими ҷомеа гирди ҳукумати қонунӣ муттаҳид гардиданд ва тавонистанд дар ин марҳилаи таърихӣ  ҳукумати rонуниро созмон диҳанд.

Дар ин замина месазад, ки аз рисолати таърихии Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки rабл аз ҳама сохтори конститутсиониро дар кишвар барқарор намуда, хатари заволи Тоҷикистонро аз байн бурд, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии кишварамонро муайян намуд. Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории истиrлолияти сиёсӣ, ба танзим даровардани  муносибатҳои сиёсии ҷомеа, раванди ҳамгироии кишвар хело нақши бузург гузоштааст.

Доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ Иброҳим Усмонов қайд намудааст:

“Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи мо нақши барҷаста дорад ва аз лиҳози моҳияти худ вай ба  Эъломияи истиrлолияти Тоҷикистон ҳампоя мебошад. Агар Эъломия мавҷуд будани  давлатеро бо номи Тоҷикистон эълон карда бошад, пас Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуҷанд ҳамин давлатро аз фано нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ  берун кашид” .

Интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ва ба ҳайси раиси Шурои Олӣ  яке аз риояти бузурги таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунки дар ҳақиқат, вакилон дар интихоби раис иштибоҳ нанамудаанд, балки хизмати арзанда намудаанд.

Миллати тоxик бори дигар ба ҷаҳониён бузургии хеш, якдилии халқ, ободгароии фарзандонашро собит сохт. Ин ҳама дасовардҳое, ки Тоҷикистон дар тӯли ин солҳо ба даст овард, баъзе дигар халқиятҳо дар тӯли солҳо ба даст оварда натавонистанд. Имруз Тоҷикистон бо зиёда аз 185 давлати дунё робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ, сиёсиву дипломатӣ  дорад. Ҳамзамон бо 50 ташкилотҳои байнилхалқrӣ ҳамкорӣ дорад.

Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистониён ҳаст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикро дар саросари олам меомӯзанд.

Воқеан,  Иҷлосияи 16-Шeрои Олии Xумҳурӣ  поягузори  таърихи навин ва сарнавиштсози кишвари тоҷикон мебошад.

Маҳз ҳамин анҷуман тавонист, анҷумани тақдирсозу  созанда гашта,  тоҷи давлатро дар сари  тоҷик  назаррабову  давлатамонро поянда гардонида,  асолати миллатро муаррифӣ  намояд. Ниҳоят, анҷумани Иҷлосияи XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба  оламиён  хиради азалии миллати тоҷик таҳаммулпазирию башардустӣ, қобилияти сулҳофаринию  давлатдориашро  собит созад.

Ҳақиқатан, ин иҷлосия  нақши муҳими худро дар ҳаёти мо  ва имрӯзу ояндаи Тоҷикистон гузошт. Шояд мо, дар асл аҳамияти таърихии ин иҷлосияро то он дараҷае, ки ҳаст надонем, лекин як чизро бояд қайд намуд. Маҳз ба шарофати ҳамин иҷлосия мо ба ин рӯзҳои нек расидем ва ба ояндаи хеш боварии қавӣ дорем.

Акмалова Мунира Абдунабиевна н.и.с.,

профессори ДДҲБСТ

You might also like