Муҷиботи сарнавиштсоз унвон гирифтани иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба давраи заррине ибтидо ниҳод, ки ба шарофати он, ба ибораи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ҳаёту мамоти халқу кишвар”, хушбахтона, ба манфиати ҳаёт ва бар алайҳи мамот ҳал гардид.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба давраи заррине ибтидо ниҳод, ки ба шарофати он, ба ибораи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ҳаёту мамоти халқу кишвар”, хушбахтона, ба манфиати ҳаёт ва бар алайҳи мамот ҳал гардид.

Муҷиботи сарнавиштсоз унвон гирифтани иҷлосияи мазбур зиёданд. Сабаби нахустин ва калидии мақоми беназир доштани иҷлосияи таърихӣ дорои моҳияти бузурги сиёсӣ будани он арзёбӣ мешавад. Дар вазъи мудҳиши бесарусомонї ва  бесоҳибӣ иҷлосия қаҳрамонии сиёсие зоҳир намуд: дар мамлакат тарзи парлумонии ҳокимият ҷорӣ карда, ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фардеро интихоб кард, ки бо мурури замон эшонро мардуми миннатпазири Тоҷикистон Пешвои миллат эълон доштанд.

Воқеан, он замони пурдаҳшат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон рисолати бузургу масъулиятталаби роҳбари давлатро бо поктарин ният бар дӯш гирифтанд. Дар китоби таърихи навини тоҷикон чунин қавли ҷавонмардонаи ин фарди фидоӣ абадӣ сабт хоҳад шуд: “Ман ба шумо сулҳ меоварам! Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам”. Ба ҳайси наҷотбахши давлату миллат интихоби беҳтарини иҷлосия будани Эмомалӣ Раҳмонро, дар навбати аввал, устувории эшон ба сухани хештан собит менамояд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки то имрӯз Ҷаноби Олӣ ба тамоми қавлҳои додаи худ сарбаландона вафо намуданд.

Сабаби дуюми сарнавиштсоз будани иҷлосияи таърихӣ эҳтироми бузург зоҳир намудан ба озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон маҳсуб мешавад. Бо ташаббуси бевоситаи сарвари тозаинтихоби давлат маҳз дар ҳамин иҷлосия ҳадафу ормонҳои асосии Тоҷикистон муқаррар карда, ба самъи аҳли башар расонида шуд, ки минбаъд кишвари мо дар ҷодаи демократисозии ҷомеа қадамҳои устувор ниҳода, тамоми ҷаҳду ҷадалашро баҳри бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ равона хоҳад кард. Боиси сарбаландист, ки дар оғози ин ибтикорот қабули Қонуни Асосии нав мақом гирифта буд. Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз он ҷиҳат ҳам нодир ҳисоб меёфт, ки бори нахуст тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.

Севумин муҷиби сарнавиштсоз пазириш ёфтани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон чораҷӯиҳои он нисбати таҳкими пояҳои ҳастии мамлакат ба шумор меравад. Дар ин анҷуман муқаррар гардид, ки бидуни ҳалли таъҷилии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ истиқлолияти комили кишварро, ҳатто, орзу кардан дуруст нест.

Фаромӯш намешавад, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта иқтисодиёти Ватани азизамон  қариб ба дараҷаи нобудӣ расонида шуда буд. Ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти фалаҷгардида иҷлосияи таърихӣ  руҳу равони нав бахшид. Ва аз рӯи адолат  хоҳад буд, ки ҳамаи дастовардҳо ва комёбиҳои кишварамон дар муддати 25 соли ахир ҳатман бо номи Иҷлосияи  ХVI  Шӯрои Олии Тоҷикистон пайванд карда шавад. Нуктаи асосӣ ҳамин аст, ки маҳз баъди иҷлосияи сарнавиштсоз, яъне, дар бадали ҷаҳоряк аср бештар аз 2000 километр роҳи мошингард, наздик 200 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузари ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта, мавриди истифода гардиданд. Самараи чунин ҷаҳду ҷадали умумихалқӣ буд, ки Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ- раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардида, қаламрави пора-пораро ба як кишвари воҳиду том табдил карда тавонист.

Пурра амалӣ гардидани дигар ҳадафи асосии стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар ояндаи наздик, мушаххасан баъди ба истифода дода шудани нерӯгоҳи барқи обии Роғун  дар охири соли 2018 амалӣ гардонида хоҳад шуд. Ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаби нафақат иқтисодӣ, балки иҷтимоию фарҳангии Меҳани азизамон, ки  Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳимтарин шартҳои эҳёи иқтисодиёти дар ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷгаштаи кишвар муқаррар карда буд, маҳз ба фаровонии нерӯи барқи ватанӣ пайванди зич дорад.

Ва севумин  сабаби марказии сарнавиштсоз будани ин иҷлосия он буд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба сомон овардани соҳаи кишоварзиро дар радифи вазифаҳои таъхирнопазири ҳукумат қарор дод. Бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки амнияти озуқавории мамлакат ба шарофати сари вақт ва бо суръати баланд гузаронидани ислоҳот, ҷасурона таҷдид кардани колхозу совхозҳои даврони шӯравӣ, таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мукаммал ва ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ, бо суръати беназир зиёд кардани масоҳати боғу майдонҳо, тариқи гӯшношунид ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус ангуру зардолу, муносиби талаботи бозори байналхалқӣ сарачинӣ ва бандубаст намудани шарбату меваҳои хушк торафт бештару беҳтар таъмин карда мешавад. Рӯзе дур нест, ки Тоҷикистон ба амалӣ сохтани ҳадафи севуми стратегии худ- таъмини амнияти озуқаворӣ низ бо камоли сарбаландӣ муяссар мешавад.

Бобоҷонова Заррина Ғаниевна,

дотсенти кафедраи Маркетинг агробизнес

You might also like