Мавқеи Иҷлосияи тақдирсоз дар таърихи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Марҳалаи асосии таърихи сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси Раиси он интихоб шудани фарзанди шоистаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Барқарор ёфтани Ҳукумати қонунӣ, кӯшиши ба роҳ мондани гуфтушуниди байни Ҳукумат ва мухолифин, ниҳоят изҳороти Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани сулҳ дар кишвар аввалин иқдоми ҷиддӣ дар ҷодаи ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбанд. Рисолати таърихии иҷлосияи мазкур дар ин аст, ки хавфи аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимшавии миллатро пешгирӣ кард, тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавӣ баровардани кишвар пешниҳод намуд, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян кард, барои ба мувофиқа овардани қувваҳои солими ҷомеа-ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои мардумӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ заминаи созгор муҳайё намуд, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро тарҳрезӣ кард.
25 ноябри соли 1992 дар ҷаласаи Иҷлосия Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронӣ ба фармондеҳони ҳозиршуда муроҷиат намуданд, ки ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, Ватанро аз хатари барҳамхӯрӣ наҷот диҳем. Дар охири ҷаласа аз рӯи анъанаи миллӣ оши оштӣ дода шуд, ки дар он вакилони мардумӣ, даъватшудагон ва собиқадорони ҷангу меҳнат ширкат варзиданд.
Бо ҳамин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси сохтори навини давлат, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини амнияти кишвар, бисёрҳизбӣ ибтидо гузошт. Дар суханронии худ ба муносибати яксолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 ноябри соли 1993) Сарвари давлат самараи аввалини сулҳи байни тоҷиконро ҷамъбаст намудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тазаккур медиҳанд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши созанда гузошт ва рисолати таърихии худро дар эҷоди сулҳу ваҳдат собит намуд.
Сарвари давлат як соли баъди иҷлосияро марҳалаи аввали ибтидои ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ маҳсуб медонанд, ки вазифаи нахустини он пойдорию устуворсозии давлат аз нигоҳи сиёсию амният буд. Таъмини осоишу амният имкон дод, ки аллакай дар соли 1993 Тоҷикистон ба марҳалаи нави созандагӣ гузарад.
Дар маърӯзаи Сарвари давлат самараҳо ва натиҷаҳои асосии қарорҳои Иҷлосияи тақдирсоз хеле возеҳу равшан баён ёфтаанд:
– Вазифаҳои аввалиндараҷа дар бобати хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш нигоҳ доштани якпорчагии Ватан ва таъмини сулҳу осоиш барои шаҳрвандон иҷро гардиданд.
-Дастгоҳи давлатии фалаҷшуда ва мақомоти идоракунии тахрибёфта барқарор гардида, вазъияти ҷумҳурӣ таҳти назорати марказ қарор гирифт.
Баҳри мӯътадил намудани вазъи сиёсӣ се маротиба авфи умум эълон гардид, қувваҳои мусаллаҳ созмон ёфтанд, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷоннок гардид.
Инчунин шоистаи тазаккур аст, ки туфайли баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ҷинояткорӣ кам шуд, тарсу ваҳми мардум аз байн рафт, аксарияти мутлақи гурезаҳои муқими Афғонистон, ноҳияҳои дохили ҷумҳурӣ ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷойҳои пештараи сукунати худ баргардонида шуданд. Аз ҳама муҳимаш муҳосираи иқтисодию сиёсии ҷумҳурӣ ва хатари гуруснагӣ, паҳн гардидани вабо ва бемориҳои дигари сирояткунанда, ки самараи ҷангҳои бародаркуш буд, аз байн рафт.
Баргузории Иҷлосия ба оламиён нишон дод, ки миллати тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо метавонад ба ҳам ояду ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ибтидо гузорад. Агар ин Иҷлосия сурат намегирифт, на асоси давлату давлатдорӣ шакл мегирифт, на Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон ба имзо мерасид. Ҳаёт собит намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғози таърихи навини кишвар гардид.
Маҳз дар ҳамин Иҷлосия ҳукумати қонунӣ таъсис ва пешвои воқеии кишвар – сардори имрӯзаи давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд, хишти нахустини низоми давлатдорӣ ва заминаи боэътимоди сулҳи минбаъда гузошта шуд.
Раҳимов Абдулатиф Маҷидович –
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Маҳмудов Маруфҷон Қаюмҷонович –
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,
мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ