Кирдору рафтор бояд яке…

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Фармудааст Ҳофизи лисонулғайб, чун кирдори як иддае аз одамон ҳеҷ гоҳ бо рафтору гуфторашон як несту ҳамеша дар рӯй ниқоб доранд. Ин тоифаи мардум дар ҳар давру замон вуҷуд дошту имрӯз ҳам ҳаст, мо набояд аз ин гуна махлуқ ҳаросем. Зеро муборизаи хайру шар, некию бадӣ, каҷию ростӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Албатта Заҳҳоки давр, ки худро дар ҷомаи меш мегирад, ҳизбҳои ифротӣ аст, ки бо ҳар “ранг” имрӯз худро нишон дода истодааст.

Роҳбарони бадбахти он мехоҳад бо чоплусону ҳаромхӯрон ва дуздони муттаҳами худ, ки дар гирдаш ҷамъ овардааст, бо ҳар баҳона тоҷикон ва Тоҷикистонро дар арсаи дунё сиёҳ созад. Бозиҳои сиёсии эшон барои мардуми тоҷик чун рӯзи равшан ошкор аст. Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад ва чеҳраи воқеии ин нафарон барои халқи тоҷик, ки маҳз ин тоифа рӯзҳои шумбори солҳои 90-умро ба сари онон овард ва мардуми ватандӯсту меҳанпарвар тавонист мардонавор ин гуна рӯзу солҳоро паси сар созад, шинос аст.

Ҷои таассуф аст, ки баъзе давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи дунё амалҳои ғайриинсонии ин тоифаро нодида гирифта, ба дурӯғашон бовар доранд. Агар онон низ солҳои мудҳиши охири садаи 20-умро бо чашми сарашон медиданду  имрӯз ин гуна созмону ҳизбҳоро дастгирӣ намекарданд,  шояд то имрӯз дар дунё терроризм намемонд ё ақаллан ин падида кам мегардид.

Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо теша ба решаи халқу миллат мезананд, бо ақидаҳои ифротии худ мехоҳанд, ки “сиёҳ”-ро “сафед” созанд. Лек ҳеҷ гоҳ рангҳоро иваз карда намешавад, амали бадро нағз карда нишон додан ғайриимкон аст. Чунки масале ҳаст, офтобро бо доман пӯшида намешавад. Ва ҳар як амали ҳизбҳои ифротӣ ва тарафдорони эшон низ ба мисли мақоли мазкур аст, ки симои манфурашонро нишон медиҳад.

Раҳматова Д. А. – дотсенти кафедраи

 забони тоҷикӣ

You might also like