Изҳороти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия нисбати иғвоангезии хоинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ барои мо атои илоҳӣ буда мо омӯзгоронро зарур аст, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Давлат ва ҳукумат аз мо омӯзгорон ва бахусус кормандони соҳаи маориф, ки ба иқтибоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаи афзалиятноки ҷомеъа шинохта шудааст боварӣ ва эҳтироми хоса дорад ва мо бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиқ бошем.
Омилҳое, ки ба хусус ҷавонону наврасони дониши мукаммал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоштаро ба доми ҳиллаву найранги ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароӣ гирифтор месозанд, зиёд ва бешуморанд, ки дар ин хусус рӯзнома ва маҷаллаҳои даврӣ пайваста менависанд ва дастурҳои муфид пешниҳод менамоянд.
Имрўзҳо аз саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Однокласники”, “Телеграмм” ва “Ютуб” аз ҳодисаҳое, ки имрўз барои пешравии ҷомеаи Тоҷикистониён халалдор месозад, огаҳӣ гашта истодаем. Нашрияҳои даврӣ ба ҳар як узви ҷомеа имконият медиҳад таҳлилҳои сиёсиро дуруст ба роҳ монад. Дар иттилооти расмӣ омадааст, ки Мирзои Салимпур роҳбари сомонаи “Ахбор.ком” ташкилоти экстремистӣ ва террористии Ҳизби наҳзати исломиро, ки дар тамоми ҷаҳон манъ карда шудааст, дастгирӣ менамояд. Мирзои Салимпур бо андешаҳои ғаразноки худ, ки ягон далели воқеӣ надорад, мехоҳад ба суботи Тоҷикистон, ки зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло дар раванди рушду инкишоф ҷараён дорад таъсири манфӣ расонад.
Барои он, ки фарзандони дониши мукаммал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоштаи мо ба доми ҳиллаву найранги ин гуна шахсон, ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароӣ гирифтор нагарданд мо бояд ҳар лаҳза чашму гӯш ва ақлу ҳуши фарзандони худ бошем. Зеро «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ мебояд» гуфтаанд. Чунин ҷавононеро тарбия намоем, ки тақдири худ ва тақдири ояндаи ҷомеаро ба даст гирифта, фаъолияташонро дар соҳаҳои муайяни ҷамъиятӣ пеш баранд ва ҳамзамон бурда тавонанд. Ҷавононро чунон тарбия бояд кард, ки онҳо дар интихоб, хулосабарорӣ ва пешбарии ҳаёти худу ҷомеаи инсонӣ мустақил бошанд, аз тафаккури дастнигар дурӣ ҷуста, ба тафаккури созанда рӯй оваранд.
Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика ва пешгирии коррупсия ДДҲБСТ