Конститутсия –қонуни асосии давлат

Таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвар аҳмияти хосси худро доранд. Ин ду воқеият на танҳо дар рушди сиёсати кишвар балки дар таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон низ нақши муҳиме бозидаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябри 1994 қабул гардид. Ин қонуни асосӣ  принсипҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои фундаменталиро муаррифӣ мекунад. Конститутсия бо таваҷҷӯҳ ба шароити хосси кишвар, принсипҳои ҳокимияти миллӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таҳия шудааст.

Рукнҳои асосии Конститутсия иборат аст:

  1. Ҳуқуқи инсон: Конститутсия ҳуқуқи ҳама шаҳрвандонро дар соҳаҳои гуногун таъмин менамояд, ки ин барои ташаккули ҷомеаи демократӣ ва адолатгаро муҳим аст.
  2. Низоми давлатӣ: Конститутсия сохтори давлатиро муқаррар мекунад, ки он дар баробари ҳокимияти иҷроия, қонунгузорӣ ва судӣ фаъолият мекунад.
  3. Салоҳияҳои давлатӣ: Ташкили ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва ташвиқи ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими Конститутсия мебошад.

Маҳз, ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор гашта, барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид. Бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардидем.

30-солагии қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, кишвар дар роҳи рушду пешрафт қарор дорад. Ин  воқеият барои таҳкими ҳокимияти демократӣ,  ҳуқуқи инсон ва созишоти миллӣ асоси мустаҳкам гузоштаанд. Маҳз ин қадамҳо буданд, ки Тоҷикистонро дар роҳи барқарории субот ва рушди ҳамаҷониба қарор гирифт.

 

Кафедраи фанҳои ҷамъичтӣ

ассистент Азизова Дилафрӯз Абдураҳимовна

You might also like