Шодии наҳзат аз акти террористӣ
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон имруз ба яке аз кишварҳои тинҷу ором, ободу зебо мубаддал гаштааст. Мардуми шарифи кишвар дар фазои сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ бо арҷгузорӣ аз хизматҳои шоистаи роҳбарияти олии кишвар фахр мекунад.
Воқеаҳои мудҳише, ки санаи 06.11.19 дар ҳудуди яке аз қисмҳои низомии сарҳадӣ ба вуқўъ пайваста буд, ҳар як сокини кишварро аз хурд то калон бетараф гузошта наметавонад. Он воқеаи нангине, ки бар зидди сарҳадбонон аз тарафи хоинони давлату миллати Тоҷикистон амалӣ гардида буду тири нохалафи душманони миллат хато хурда, ба мағлубият дучор гаштанд. Ин ҳодисаи нангин аз тарафи ба ном мухолифин, ки имруз берун аз марзи кишвар дар давлатҳои Аврупо дар зери иҳотаи хоҷагони хориҷии худ паноҳ ҷуста, нисбати давлату миллати худ бо истифода аз яроқи оташфишон мусаллаҳ гашта, тир мекушоянд. Як нуктаро бояд зикр намуд, ки дар расонаҳои хабарӣ одатан мухолифин худро ғамхору адолатпарвар нишон дода, ба ин восита мехоҳанд сафи ҳаммаслакони худро зиёд гардонанд. Мардум хуб дарк менамоянд, ки мақсади мухолифин, ки имруз худро чунин номгузорӣ намудаанд, пок нест.
Давлату ҳукумат дар тули соҳибистиқлолии худ нисбат ба онҳое, ки раҳгум зада буданд ва аз гумроҳии худ фирефтаи найрангҳои мухолифин шуда, ба баъзе кирдорҳои нохалафона даст зада буданд, чандин маротиба мавриди бахшиш қарор дода буд, вале як гуруҳи ҳаётан аз давлату миллат норозӣ марзи кишварро тарк намуда, ба сафи гуруҳҳои ифротӣ шомил гашта, дар кишварҳои хориҷӣ мақсадҳои иғвогаронаро амалӣ карда истодаанд. Онҳое, ки имруз ба ин гуруҳҳо шомил шудаанду нангу номуси худро ба хоҷагони хориҷии худ, ки имруз онҳоро маблағгузорӣ мекунанд, фурухтаанд. Бояд қайд намуд он ҳодисаи нангине, ки душманони миллат амалӣ намуданӣ буданд, дар рузе ба вуқу омад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 25-умин солгарди қабули Конститутсияи худро ҷашн мегирифтанд. Конститутсия аз зумраи ҳуҷҷатҳое мебошад, ки ҳамчун китоби бахтномаи миллат шинохта шудааст. Онҳое, ки ин ҳодисаро дар яке аз рузҳои ҷашни таърихии миллат анҷом додаанд, дар таърих хоинони ашаддии давлату миллат ном бурда мешаванд. Аз расонаҳои хабарӣ маълум гардид, дар ин воқеаҳои нангин якчанд нафар занони ниқобпуши террорист низ иштирок намуда будаанд. Ин гуруҳи хурдакаке, ки бо дастгирӣ ва маслиҳатҳои хоҷагони хориҷӣ ба амалҳои террористӣ даст задаанд, бояд фаромуш насозанд, ки Тоҷикистон имруз ба кишваре табдил ёфтааст, ки марзу бум ва халқи худро ба пуррагӣ ҳимоя карда метавонад ва кафили якпорчагии кишвари азиз мебошад. Хоинони миллат ва ҳаммаслакони онҳо бояд фаромуш насозанд, ки давлати Тоҷикистон яке аз кишварҳои дар арсаи байналмилалӣ шинохташуда ба шумор рафта, намегузорад, ки мақсадҳои ғаразноки душманони миллат дар ин сарзамини аҷдодӣ амалӣ карда шавад.
Мирзоев А.Н. – сармуаллими кафедраи
хадамоти гумруки ДДҲБСТ