ИСТИҚЛОЛИЯТ ФАЗОИ ДИНИРО ТАВСЕА БАХШИД

Ҷаҳони муосир пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаметализм, сепаратизм, анархизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроту падидаҳои номатлубро, аз қабили радикализм ва экстремизм, синкретизм (яксон, махлут кардани назария, андеша ва ақидаҳои ба ҳам мухолиф), нигелизм (инкори маслаку мафкура, хулқу одоб, сохтори маъмули ҷомеа), тоталитаризм (яккаҳукмронӣ ва маҳрумият аз тамоми намуди озодиҳо), космополитализм (рад кардани ҳуввияти миллӣ, фарҳангу суннатҳои миллию динӣ)-ро мушоҳида кардан мумкин аст.

Радикализм дар шакли экстремизм зуҳур намуда, усули амалисозии он терроризм мебошад.

Моҳияти масъала дар он аст, ки дар давлатҳои пешрафтаи Ғарб, бахусус ИМА, барои он ки ба равони шаҳрвандони кишварҳои рў ба тараққӣ таъсир расонида тавонанд, мафҳумҳои гуногунро бо номи радикализм, экстремизм, терроризм ва ғайраҳо бофта бароварда, ҳадафҳои худро ки он аз таъмин намудани ҳукмронии худ дар ҷаҳон ва соҳиб шудану сўйистифода намудани захираҳои бойи зеризаминӣ ва инсонии кишварҳои дигар аст, амалӣ намоянд. Бо ҳамин мақсад онҳо лоиҳаҳои гуногунро тарҳрезӣ намуда, амалӣ кардани мешаванд.

Баъди соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ, ки он яке аз неъматҳои пурарзиши мардуми Тоҷикистон аст, озодии дину имон ва таҳқиқу таҳлили масоили марбут ба эътиқоду мазҳаб барои олимону муҳаққиқони соҳа фароҳам омад.

Бо ҳидоятҳои бевоситаи сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими Ваҳдати миллӣ, оромию субот ва ободию пешравии кишвар нигаронида шудааст, омўзиш ва пайгирии асолати динӣ ба хусус, мазҳаби ҳанафӣ ҷараён гирифт.

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имконият дод, ки бо такя бар зербинои мустаҳками арзишҳои миллии хеш, аз ҷумла тамаддуни куҳани аҷдодӣ, таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таъриху адабиёти воқеӣ, ки ҳатто рақибони миллати мо дар инкораш оҷизанд, заминаҳои худшиносии миллӣ ва рушди такомули давлати ҷавони худро ба роҳ монад.

Албатта дастовардҳое, ки мо имрўз аз баракати мустақилият ба даст овардаем, бароямон осон даст надодаанд. Сари ҳар қадам ҳадафи манфиатҷўёни беруна қарор гирифтаем, дар амалҳои муғризона ва бадхоҳонаш ҳатман фарзандони худфурўшу хиёнаткори миллати худамонро истифода бурданду доранд ва мебаранд.

Моҳияти масъала дар он аст, ки диндорони мутаассиб дар замони истиқлолият аз озодии дину виҷдон дар давлати демократӣ истифода бурда кўшиш намудаанд, ки роҳи мактаббачагонро ба сўи мактаб баста, онҳоро «ҳамнишин»-и мулло дар масҷиду хона гардонанд.

Теъдоди зиёди ин шогирдонро бо баҳонаи таҳсил ба таълимгоҳҳои шубҳаноки баъзе мамолики хориҷ раҳнамун сохтанд. Иддае аз онҳо бо мағзҳои вайрону пойбанди ҷараёну мазоҳиби бегона ба ҷумҳурӣ баргаштанд. Маъракаю тўйҳои замонавӣ ва никоҳи домоду арўси пушти мирзо ҳаром бароварданд. Ба ҷои савту суруд мавлудхониро тарғиб мекарданду мулло рақиби ҳофиз дар тўйхона гардид.

Масҷидҳоро, ки теъдоди онҳо хело меафзуд, ба маркази ташвиқу тарғиб алайҳи сохти конститутсионӣ табдил доданд. Агар давлат пойдору қонунаш амалдор намебуд, аҳли зиёро аз нав шабеҳи солҳои 20-уми асри ХХ сангсор мекарданд. Диндорони мутаассиб супориши хоҷагони хориҷии худро сармашқи фаъолият намуда, ақидаҳои бегонаи динӣ – мазҳабиро бо арзишҳои миллӣ махлут намуда, динро аз миллат ва манфиати он боло газоштанд.

Тоҷикистони тоза соҳибистиқлолгаштаро ба сўи торикию ҷаҳолат-ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд: 10 млрд доллар зарари иқтисодӣ, 150 ҳазор кушта, ки дар миёни онҳо нобиғагони илму маърифати тоҷик Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Моёншо Назаршоев ва дигарон буданд, як миллион гуреза, қалбҳои хунину хотираҳои талх, хонаҳои вайрону тифлони саргардон нишонаҳои дардолуде аз он рўзҳои мудҳиш мебошанд.

Дар чунин ҳолат, иқдоми қатъии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (соли 2009). Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» (1 декабри соли 1994). Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2 августи соли 2011), манъ кардани фаъолияти ҷараёну ҳизбҳои ифротӣ аз қабили «Ҳизб-ут-таҳрир» (19 апрели соли 2001) ва «Салафия» (18 январи соли 2009) пас овардани ҷавононе, ки ғайриқонунӣ дар таълимгоҳҳои хориҷии исломӣ таҳсил мекарданд ва ғайра, хеле саривақт ва нишонрас буданд.

Мусаллам аст, ки дини мубини Ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухўрдҳоеро, ки нерўҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд. Аммо дар тафаккури доира муайяни муҳаққиқони кишварҳои Ғарб андешаи ботиле ҷой дорад, ки гўё дини ислом сарчашмаи ҳама гуна «ифротгароии динӣ», экстремизм ва терроризм аст. Президенти кишварамон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳо ва Паёмҳои таърихии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос будани ин андешаҳоро қатъиян маҳкум намудааст. «Гузашта аз ин имрўз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб садде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифона, дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гўё ифротгароӣ хоси табиати ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом, чун ҳама динҳои дигар, инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозўъ ҳидоят намуда, ҳама гуна зўроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зўроварию фишор қаломдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугўи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугўи судманд мкваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад».

Ҳақ ба ҷониби Сарвари кишвар аст, зеро ки ғояҳои асосии дини мубини ислом, дар баробари динҳо ва эътиқодҳои динии дигар, дар заминаи инсондўстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст.

Бесабаб нест, ки ин муаммо дар маркази таваҷҷўҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рўзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор, хулоса, миёни тамоми мардуми солимфикр, қарор гирифтааст.

Аслам Каримов

You might also like