Мақоми ифтихорӣ дар чемпионати ҷаҳон
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар баробари иштирок дар семинару тренингҳо ва озмунҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар риштаи варзиш низ ба комёбиҳо ва гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст меёбанд.
Мунис Тошов – донишҷӯи соли сеюми факултети бизнес ва идоракунии донишгоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ ширкат намуда, ба гирифтани мақоми сеюм сарфароз гардид. Мусобиқаи мазкур аз санаи 28 октябр то 3 ноябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия доир гардида, дар он аз 34 кишвари олам варзишгарон аз рӯи намуди гӯштини камарбандӣ байни ҳам рақобат карданд.
Донишҷӯи ДДҲБСТ дар чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди гӯштини камарбандӣ ба рақибонаш дастболо гардида, ниҳоят ба гирифтани медали биринҷӣ ва дипломи мусобиқа дастёб гардид. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Мунис Тошовро бо ғолибият шодбош намуда, барояш мувафақият орзу карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


