Ғолиби даври донишгоҳии озмуни “Донишҷӯи сол – 2019” муайян гардид

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни “Донишҷӯи сол-2019” баргузор шуд. Аз ҷониби садорати факултетҳо донишҷӯёне, ки дар сатҳи факултетӣ маҳорату малакаи баланд нишон додаанд, ба даври донишгоҳӣ пешниҳод шуданд. Тибқи низомнома дар бораи ташкил ва баргузор кардани озмуни “Донишҷӯи сол” дар ДДҲБСТ довталабон аз рӯи шартҳои супоридани эссе, имтиҳон дар Маркази тестии донишгоҳ аз панҷ фанни таълимӣ, худмуаррифӣ, сатҳи дониши тахассусӣ, забондонӣ ва сатҳи донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ байни ҳам рақобат намуданд.

Ҳайати ҳакамон бо назардошти шартҳои озмун аз байни иштирокчиён, донишҷӯи соли 3 – юми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Дилфуза Ҳоҷиеваро ғолиби озмуни “Донишҷӯи сол” дар донишгоҳ эълон карданд.

Озмуни “Донишҷӯи сол” дар донишгоҳ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, фаъолияти онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо маънидод гардид.

Ғолибонии даври донишгоҳии озмуни мазкур дар даври ҷумҳуриявӣ ва вилоятии озмуни “Донишҷӯи сол”иштирок хоҳанд кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like