Рӯзи дониш-дарси сулҳ тараннумгари садоқату ватандорист!
Ҳамасола рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Имсол низ мулоқоти Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи маориф доир гардид, ки ба хонандагону донишҷӯён ва устодон рӯҳияи баланд бахшид.
Пешвои миллат дар доираи суханронии худ ба аҳли илму маориф ва хонандагону донишҷӯён тавсияву маслиҳатҳои муфид оид ба ҷоннок намудани шарту шароити таълиму тарбия ва ба забондониву илмомӯзӣ даъват намуданд.
Сулҳу субот ва оромии кишвар аст, ки соҳаи илму маориф дар ҳолати рушд қарор дорад. Ба қадри сулҳу амният ва оромӣ бояд расид ва онро қадр кард. Пешвои миллат низ дар доираи сухарониашон қайд карданд, ки сулҳу амният , оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсони дониста шаванд.
Бо чунин суръати баланд тараққӣ кардани илму техника моро водор месозад, ки дар ҷараёни ин тараққиёт бошем илмҳоро дар раванди инкишофашон омӯзем, таҳлилҳои нав ба нав гузаронем. Дар мафкура ва зеҳни мо набояд чизҳои кӯҳна ҳамчун догма шуда боқӣ монад, моро зарур аст, ки онро ба дигарон омӯзонем. Пешвои миллат дуруст қайд карданд, ки бунёни ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳама зинаҳои таҳсилот, яъне асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.
Маблағгузории соҳаи маориф низ дар соли ҷори афзоиш ёфтааст. Гуфта шуд, ки агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамаги 42 миллион сомони ҷудо шуда бошад, ин нишондод дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2025 ба 8 милиарду 231 миллион сомони расонида шуд, ки 5,7 фоизи хароҷоти маҳсулоти дохили ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар ин давра илова ба хароҷот аз буҷети далат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомони амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ тадбиқ шуда истодааст.
Дар суханрониашон Пешвои миллат доир ба нишондодҳои оморӣ низ гуфта гузаштанд қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3648 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 1 миллиону 600 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 37 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои 15 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар барои беш аз 60 ҳазор хонанда дар назар дошта шудааст.
Бо зиёд шудани аҳолӣ талабот ба зиёд кардани ҷойҳои таҳсил ба вуҷуд меёбад, ки бояд зуддтар ҳалли худро ёбад то хонандагон аз илму дониш дур намонанд ва сохтан ба истифода додани мактабҳои барҳаво дар ин давру замон хело ба маврид мебошад. Нишондоди оморӣ худ далели он аст, ки шумораи хонандагон назар ба солҳои 90-уми асри гузашта зиёд шудааст. Агар шумораи хонандагон дар солҳои 1991-1992 1 миллиону 280 ҳазор нафаро ташкил медод ин шумора дар соли 2024 ба 2 миллиону 280 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлоли 1 миллион нафар зиёд мебошад. Имрӯз 4000 муасисаи таълими дар кишвар 4000 муассисаи таълими фаолият доранд ки назар ба солҳои 1991-1992 800 муассиса зиёд аст. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ инро хело хуб дарк мекунанд ва бо ташаббусу ғамхориҳои ин шахси маорифпарвар ҳамасола шумораи зиёди мактабҳои хусусию давлати сохта ба истифода дода мешаванд.
Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 370 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 ҳазор хонанда идома дорад.
Аз ҷумла Пешвои миллат аз хонандагону донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” фаъолона иштирок кунанд, бештар ба хондани китобу илмомӯзи машғул шаванд.
Ин ҳама маблағгузорӣ барои беҳтар кардани шарту шароит дар муассисаҳои таълимӣ ва сохтани мактабҳои наву замонавӣ равона карда шудаанд. Аммо дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам ҳастанд мактабҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва таъмирталаб мебошанд.
Пешвои миллат қайд кардан, ки дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ хусусан англисиву русӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Албатта дар ин давру замон бе донистани забонҳои хориҷӣ инкишоф ётан номумкин аст. Ҷаҳонишавӣ ҳаминро талаб мекунад ва бояд асосан муассисаҳои олии касбӣ ба донишҷӯён фаҳмонанд ва омӯзонанд, зеро барои омода кардани кадрҳои беҳтарин омӯзонидани забонҳои хориҷӣ мавқеи баланд доранд. Худи донишҷӯ агар хоҳад, ки дар оянда мутаххассиси беҳтарин гардад бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд. Бояд сифати таҳсилотро чунин кард, ки хонадагон аз хурдӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқ пайдо кунанд. Пешвои миллат дар доираи суханронии худ супориш даданд, ки шабакаи телевизионии алоҳида, ки танҳо ба омӯзонидани забонҳои хориҷӣ фаъолият барад, ташкил карда шавад, ки ин хело ба маврид аст чунки кӯдакон бо дидану тамошо кардану шунидан тезтар меомӯзанд.
Мо омӯзгорон бояд аз ин суханронии Пешвои миллат ба хулосае биёем, дар таълиму илмомӯзии донишҷӯён бештар кӯшиш ба харҷ диҳем. Кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгуро омода кунем ба он боварие, ки Пешвои миллат ба мо омӯзгорон доранд содиқ бимонем ва барои рушди илму маориф саҳми худро гузорем.
и.в., мудири кафедраи ҳуқуқи маданӣ
ва меҳнатӣ дотсент Очилова Ф.А.