Хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Панҷакент бо шароиту имкониятҳои ДДҲБСТ шинос гардиданд
Имрӯз зимни мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Панҷакент онҳо бо шароиту имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои вилоят шинос гардиданд.
Дар ин мулоқот ба хатмкунандагон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро муовини ректор оид ба корҳои таълим Ҳаким Ғаюров муаррифӣ кард.
Дар оғоз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғдро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент самимӣ истиқбол намуда, шароиту имкониятҳои мусоиди муаррифиро фароҳам оварданд.
Ба хатмкунандагон маводи муаррифӣ аз қабили рӯзномаву буклетҳо ва варақаҳои иттилоотӣ дар бораи ихтисосҳо ва раванди таҳсил дар донишгоҳ тақдим гардид.
Аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ иттилоъ дода шуд, ки барои муҳассилин дар донишгоҳ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Биноҳои зебову дорои шароити муосири таълим бо техникаву лавозимоти муосири таҳсил пешкаши донишҷӯён гардидааст.
Барои донишҷӯёни фаъол дар ДДҲБСТ Стипендияи раёсати донишгоҳ муқаррар гардида, ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ аз пардохти маблағи шартнома озод мегарданд, илова шуд дар идомаи мулоқот.
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Панҷакент бо саволу ҷавоб ба интиҳо расид.