Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Айнӣ
Имрӯз, 13 феврали соли 2024 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи МИҲД-и вилояти Суғд мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Айнӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро муовини ректор оид ба корҳои таълим Ҳаким Ғаюров ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Айнӣ муаррифӣ кард.
Аз ҷумла, муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ғаюров Ҳ.Ш. зимни баромади худ афзуд, ки дар донишгоҳ шароит барои таҳсил дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Қайд гардид, ки ДДҲБСТ дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ буда, имконият ва шароити хуби таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва хитойи дар аудитория, лабораторияҳои муҷаҳҳазу барҳаво бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, баҳрабардорӣ аз низоми мукаммали шабакавӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, марказҳои компютерӣ ва тестӣ, омўзиши Аврупо ва забонҳо, парки технологӣ, хобгоҳ ва шароити хуби фароғату таълим, машғулият бо иштироки устодони варзида ва соҳибтахассус имконияти идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, кор бо барномаҳои байнайналхалқӣ, таҷрибаомўзӣ дар коргоҳу муассисаҳои пешқадам ва маҷмааи зебову замонавии варзиширо пешниҳод менамояд.
Илова гардид, ки донишҷӯёни ДДҲБСТ ғолибони озмуну олимпиада, мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ дар самти таълиму илм ва варзиш мебошанд.
Пас аз муаррифии ДДҲБСТ хатмкунандагон аз Ғаюров Ҳ. доир ба имтиёзҳо ва дастгириву ғамхорӣ саволҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.