МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон      12  марти соли 2024 конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалиро таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо», бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор менамояд.

Барои иштирок дар кори конференсия коршиносон, олимону муҳаққиқон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ даъват карда мешаванд.

Ҳадафи конференсия: ташкили майдони муколама барои  мубодилаи афкори олимону коршиносон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи об, ҳифзи пиряхҳо ва танзими тағйирёбии иқлим буда, дар доираи он муҳокимаи  мавзуъҳои меҳварии зерин пешбинӣ мегардад:   

  • Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масоили глобалии об ва ҳифзи пирях дар ҷомеаи ҷаҳонӣ;
  • Панҷумин ибтикороти Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон оиди ҳифзи пирях, об  ва тағйирёбии иқлим;
  • Асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба масъалаи обу пирях ва ҳифзи он;
  • Рушди сиёсати кишварҳои ҷаҳон оид ба ҳифзи пирях, об ва танзими тағирёбии иқлим;
  • НБО-и Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими рушди устувори иқтисодиёти кишвар;
  • Оқибатҳои иқтисодии таъғирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва роҳҳои танзими он;
  • Инъикоси масъалаи об ҳамчун неъмати бебаҳо ва манбаи ҳаёт дар адабиёт;
  • Комёбиҳои илм дар соҳаи об барои таъмини амнияти озуқаворӣ;
  • Технологияи муосири истифодаи оқилонаи захираи обӣ.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 Шакли иштирок  – воқеӣ/ғоибона /фосилавӣ.

Талабот ба таҳияи мақолаҳо ва кори конференсия:

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конференсия  мақолаҳои худро тариқи чопӣ ва электронӣ ба кумитаи тадорукот то санаи 1 марти соли 2024 ба суроғаи почтаи электронии dabir77@mail.ru пешниҳод намоянд.

Матни мақола бо ҳуруфи Times New Roman Tj  ва Times New Roman, андозаи ҳарф 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 см, бо ҳошияи 2Х2см ҳуруфчинӣ гардад.

Ҳаҷми мақола бояд  на кам аз 5 саҳифа (формати А4) иборат бошад.

Маълумот дар бораи муаллиф(ҳо)-и мақола бо зикри насаб, ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, номи муассисаи таълимӣ ё ташкилоти илмӣ (пурра), ё вазифа ва ҷои кор, кишвар ва шаҳр дар кунҷи тарафи рост оварда шуда, номи бахш пеш аз унвони мақола гузошта шавад.

Унвони мақола бояд мундариҷаи мақоларо дақиқ ва мушаххас тавсиф кунад.

Риояи меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ – чакида (аннотатсия), калидвожаҳо ва маълумот дар бораи муаллиф (ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ҳатмист.

Мақола  бояд ҷое нашр ва ироа нашуда бошад.

Иқтибосҳо дар қавсайн бо қайди рақами адабиёт аз рўйи рӯйхати сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд.

Руйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчашмаи истифодашуда навишта шуда, мувофиқи талаботи ГОСТ Р 7.0.5 – 2011 таҳия карда шаванд.

Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ғалат тоза бошад.

Асолати матн на камтар аз 70% ҳаҷми мақоларо ташкил диҳад (дар барномаи «Антиплагиат» санҷида мешавад).

Масъулияти боэътимодии аснод ва муҳтавои мақолот бар дўши  муаллифон мебошад.

Интихоби мақолаҳо бар уҳдаи масъулони  илмии чопи маводи конференсия аст.

Мақолаҳое, ки талаботҳои болоиро доро намебошанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Маводи конференсия дар шакли маҷмуаи мақолаҳои илмӣ ба табъ мерасад.

Суроға: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, бинои 1, ДДҲБСТ,  ошёнаи 3, утоқи  309, нашриёти “Дабир”. Почтаи электронӣ dabir77@mail.ru

 Телефон барои тамос: (+992) 83422 2-31-63 

You might also like