ДДҲБСТ: Оммавигардонии варзиш ва рушди футбол дар мамлакат
9 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот бо намояндаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ва мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук таҳти унвони «Мо бо шумоем футболбозони тоҷик. Тоҷикистон ба пеш!!!» ташкил ва баргузор намуд. Дар мулоқоти мазкур дарвозабони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол, устоди варзиш Далерҷон Баротов, мурабии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббии тахассуси олӣ оид ба варзиши сабук Нигорахон Қурбонова, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Ҳасанов М.М., ҷонишини декан оид ба корҳои тарбияи факултети молия ва андоз Абдулазизов Р.А., мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Маҳмудов М.Қ., мудири кафедраи забони тоҷикӣ Рустамов Ш.Р., омўзгорону донишҷўёни кафедраи молия ва қарз иштирок намуданд.
Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии футбол дар ҷамеа ва нақши ҷавонони тоҷик дар пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ шуданд.
Устоди варзиш Баротов Д.Н. аз донишҷўён даъват ба амал овард, ки бештар ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шуда, баҳри баландбардории Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузоранд. Ба ин гуфтаҳо мураббии тахассуси олӣ оид ба варзиши сабук Қурбонова Н.Ҳ. ҳамроҳ шуда, қайд кард, ки занон ва бонувон низ чолокии худро аз даст надода, ба варзиш низ диққати бештар зоҳир намоянд.
Дар мулоқоти мазкур мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Ҳасанов М. таассуроти худро оид ба баргузории бозиҳои футбол дар кишвари Қатар, махсусан бозиҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва таърихсозиҳои бозингарон дар Қаҳрамонии Осиё баҳри ҳозирин маълумот дод.
Дар интиҳо ба меҳмонон Сипосномаву туҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳ тақди гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа