Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
8 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ҷалби доираи васеи донишҷӯён аз тамоми факултетҳои донишгоҳ, аз ҷумла аъзои маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаласаи омодагӣ ба Озмуни мазкур доир гардид. Дар чорабинӣ масъулини бахши илм ва инноватсияи донишгоҳ, намояндагони факултетҳо ва кафедраҳои забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Тӯрақул Ризоқулов ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба аҳамият ва моҳияти ташкилу баргузории давраҳои озмун, нақши он дар такмили донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, махсусан насли ҷавон дар партави сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.
Иброз шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби доираи васеи толибилмони муассиса ба давраи аввали ин озмун дар соли равон, таъмини иштироки фаъолонаи донишҷӯён аз рӯи номинатсияҳо, дарёфти истеъдодҳои ҷавон то имрӯз корҳои омодагӣ бурда шуда, баҳри иштироки фаъолонаи довталабон аз рӯи номинатсияҳо дар давраҳои аввал ва минбаъдаи озмун тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мешаванд.
Баъдан тибқи барнома доир ба масъалаҳои омодагии донишҷўён аз рўи номинатсияҳо, давраҳои баргузорӣ, шартҳои иштирок дар Озмун ва ғайра мутобиқи талаботи Низомномаи озмун номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Шавкат Рустамов, мудири кафедраи забони русӣ Негматова М.М., ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рўи номинатсияи адабиёти ҷаҳон дар соли 2023 Ғаниева Н.А., иштирокчии даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, донишҷўи соли сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ Мадалиева Ш. суханронӣ намуданд. Дар интиҳо донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.