ДДҲБСТ: Муаррифии ректори донишгоҳ
Имрӯз, дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласа зери роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъин шудани ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо кормандони донишгоҳ доир гардид. Дар ҷаласа сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода низ иштирок дошт.
Дар оғоз, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л. дар бораи дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони варзида ибрози андеша кард.
Сипас, гуфта шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон» озод карда шуда, ба ҷояшон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон» таъин карда шуд.
Муовини Вазир аз кору фаъолияти босамари Шарифзода М.М. ёдовар шуда, саҳмашонро дар рушди соҳаи маорифи мамлакат назаррас арзёбӣ кард. Абдухолиқзода Лутфия ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маориф, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани мутахассисони варзидаи ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир ба ректори навтаин Ҳошимзода Ҳ. Ҳ. дастуру супоришҳо дод.
Чанде, аз устодони донишгоҳ низ аз кору фаъолияти назаррас ва мондагори Шарифзода М.М. ёдоварӣ карда, ба ректори тозаинтихоб Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. комёбӣ орзу карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа