ДДҲБСТ: Истифодаи усулҳои муосири таълим дар ҷараёни машғулиятҳо
Имрӯз, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари таълимӣ-методӣ таҳти унвони “Истифодаи усулҳои муосири таълим дар ҷараёни машғулиятҳо” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва намояндагони Донишгоҳу донишкадаҳо, шуъбаҳои маориф иштирок ва баромад намуданд.
Дар оғоз муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров баромад намуда, таъкид дошт, ки дар замони муосир талабот нисбат ба соҳаи маориф ҳамчун самти калидии фаъолият дар пешрафти ҷомеа торафт меафзояд. Илова шуд, ки истифодаи усулҳои фаъол дар раванди таълим як ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти таълимии омӯзгорро ташкил медиҳад.
Семинари мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бо ибтикори раёсати таълим ва бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти донишгоҳ роҳандозӣ шудааст.
Дар идомаи кори семинар дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Исомитдинов Ҷ. дар мавзӯи “Усулҳои ташкил ва баргузории КМРО дар макотиби олӣ”, муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Б. Ғафуров Муродов Н. дар мавзӯи “Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди дарси лексионӣ ва семинарӣ”, муаллими калони кафедраи системаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва барномарезӣ Бобозода А. бо номи “Рӯнамои чандрасонаӣ ҳамчун модели самараноки ташкили раванди таълим” ва ассистенти кафедраи мазкур Шарипов Ҳ. дар мавзӯи “Истифодаи самараноки технологияи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим” маърӯзаҳо намуданд.
Ҳамзамон, дар факултети технологияҳои иннноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии донишгоҳ семинари таълимӣ методӣ бо номи “Татбиқи усулҳои фаъоли таълим дар раванди машғулиятҳо чун омили самарабахши фаъолияти маърифатӣ ва таълимии омӯзгор” доир шуд.
Дар ин семинар низ омӯзгорон, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ Дадоматов Д. дар мавзӯи “Усулҳои баргузории машғулиятҳои амалӣ дар омӯзиши фанҳои иқтисодӣ” ва дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Қосимова М. дар мавзӯи “Тавсияҳои методӣ оид ба санҷиши донишазхудкунии донишҷӯён дар машғулиятҳои КМРО” баромад карданд.
Дар интиҳо, муовини ректор оид ба корҳои таълим Ғаюров Ҳ.Ш. аз иштирокчиёни семинар даъват намуд, ки дар машғулиятҳои таълимӣ аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири раванди таълим ва технологияи зеҳни сунъӣ ба таври васеъ истифода баранд ва дар беҳтар намудани сатҳу сифати таълим аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Семинарҳои таълимӣ-методӣ бо маслиҳату маълумотҳои муфид оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мулоҳизарониҳо анҷом ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа