Паёми Пешвои миллат-роҳнамои имрӯзу фардои миллат
24 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шӯрои бонувон ва духтарони донишгоҳ баргузор шуд, ки ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бахшида шуд. Ҷаласа таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат-роҳнамои имрӯзу фардои миллат” доир шуда, дар он занону бонувони Донишгоҳ иштирок карданд.
Ибтидо, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова баромад карда, аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Сарвари давлат нисбати занону бонувон ёдовар шуд. Ӯ иброз дошт, ки Пешвои миллат таъкид намудаанд занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Дар идомаи кори ҷаласа як гурӯҳ занону бонувон, ки дар донишгоҳ фаъолияти омӯзгориву роҳбарӣ доранд, дар мавзӯҳои алоҳида баромад карданд.
Таъкид шуд, ки дар Паём доир ба сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа боз диққати ҷиддии Президенти кишвар равона гардид. Роҳбари давлат қадру манзалати занро ҳамчун модар дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи фарзандон дар оила нишон дода, мавқеи онро ҳамчун як ҷузъи нозуку ҳассостарин ва бо баробари ин як инсони пурқудрат арзёбӣ намуданд.
Дар маърӯзаҳои баромадкунандагон илова гардид, ки нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар интиҳо иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур омӯзиши амиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, арҷгузорӣ ба эҳтирому таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат нисбати зан-модар мебошад.