Маросими қадршиносии ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар ДДҲБСТ
Имрӯз, дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими қадршиносии ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ доир шуд. Дар ин чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода, муовинони ректор, садорати факултетҳо ва иштирокчиёни мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намуданд.
Дар оғоз, роҳбари Донишгоҳ Шарифзода М.М. баромад намуда, варзишро василаи муҳими муаррифии мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ маънидод кард. Илова шуд, ки имрӯз дар кишвари азизамон барои варзишгари муваффақ шудан тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам аст. Дар ДДҲБСТ низ Маҷмааи зебоиву замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дорои тамоми шароитҳо мебошад. Роҳбари Донишгоҳ аз иштирокчиён даъват кард, ки ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим пайваста машғул гарданд ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ба ҳукми анъана дароварда шавад.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз санаи 15 то 20 январ дар Донишгоҳ байни кормандону устодон мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз, баскетбол, арғамчинкашӣ, вазнбардорӣ, ҷаҳидан бо арғамчин ва давидан ташкилу баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории мусобиқаҳо ҷалби кормандону омӯзгорон ба варзиш, оммавигардонии варзиш дар байни онҳо, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандону омӯзгорон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишии кормандону омӯзгорон, тарғиби тарзи ҳаёти солим арзёбӣ гардид.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқаҳои донишгоҳӣ дар ҳайъати даставиву алоҳидагӣ Медалу Диплом, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.