Паёми Пешвои миллат – дастури амал

Имрӯз,  дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси  Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз 11.01.2024  оид ба баргузории вохӯриву мулоқоти ҳайати таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  чорабинӣ доир гардид. Ба ҳайати гурӯҳ котиби Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ, муовини директор оид ба корҳои тарбияи ДИСДТТ Гулчеҳра Аҳророва ва мудири кафедраи ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Киромиддин Мухторов шомил буданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва РИ-и  донишгоҳ, профессор Турақул Ризоқулов  оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ ва ҳадафи баргузории чорабиниро баён дошт.

Дар мавриди шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28.12.2023 ироа гардид, баромадкунандагон зикр доштанд, ки Паёми навбатӣ саршор  аз ғояҳои пурмазмун  буда, ин ҳуҷҷати барномавӣ роҳнамои рўзгори пурсаодати миллати тоҷик  дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар аст.  Паём қутбнамои тамоми соҳаҳои мамлакат, ки ба фаъолияти минбаъдаи пурсамар даъват менамояд, номида шуд.

Аъзам Ҳотамӣ дар баромади худ  зикр намуд, ки Паёми солонаи Сарвари давлат дар доираи манфиатҳои миллии кишвар самтҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакатамонро муайян намуд. Дастоварду пешравиҳое, ки  дар ин санади барномавӣ баён гардиданд, натиҷаи андешаҳои миллиам ҳисобида шуд.

Гулчеҳра Аҳророва қайд намуд, ки дар Паёми Сарвари давлат пешравиҳои соҳаҳои  ҳаёти ҷомеа назаррас арзёбӣ гардид.  Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар муқоисаи  ҳафт соли охир таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам паст кардани кардани сатҳи камбизоатӣ, рушд бахшидани  раванди саноатикунонии босуръати кишвар, вусъати иқтидорҳои энергетикӣ,  бунёди роҳҳои муосир ва марказҳои логистикӣ ҷиҳати  ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон,  таъсис додани  Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, рушди сармояи инсонӣ дастурҳои мушаххас пешниҳод шуданд.

Дар ҳошияи нуқтаҳои Паёми навбатии ПЕшвои миллат  нисбати соҳаи илму маориф  мо барои омода кардани кадрҳои баландихтисос,  баланд бардоштани сифати таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ , илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ вазифадор ҳастем. – зикр дошт Г.Аҳророва. Ҳамзамон, таъкидҳое, ки нисбати  нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ баён гардид, пурра шарҳ дода шуд.

Дар мавриди шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат К.Мухторов иброз намуд, ки  дар Паёми имсола 120 масъала таҳлил, баррасӣ ва нақшаҳои минбаъда тарҳрезӣ гардид.  Зикр дошт, ки дар баробари ин, аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани  соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ»  иқдоми шоиста буда, дар баланд бардоштани сатҳи шуури табақаҳои гуногуни ҷомеа , баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон  мусоидат менамояд. Зеро барои бунёди ҷомеаи пешрафта ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муассир дорад.

Ҳамзамон, мавсуф дар мавриди шарҳи сиёсати дохиливу хориҷӣ иброз дошт, ки мо ҷонибдори ғояҳои гуманистии ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳастем ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ ва самтҳои муайянгардида хеле муфиданд.

Дар охир таъкид гардид, ки мо танҳо бо андешаҳои миллии солиму созанда метавонем  дастовардҳоямонро ҳифз намуда, дар нигоҳдошти  сулҳу суботи комил,  манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибистиқлоламон саҳм гузорем. Барои расидан ба ин ҳадафҳо  ҳар яки мо бояд Паёмро сармашқи кори хеш қарор диҳем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like