Баргузории семинари илмию методӣ барои омӯзгорони забони англисӣ
Давоми се рӯз мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинар-тренинги методӣ баргузор шуда истодааст. Семинари мазкур бо ибтикори кафедраи забони англисӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” роҳандозӣ шуда, дар он омӯзгорону устодони забони англисӣ иштирок карданд.
Семинар фарогири мавзӯъҳои омӯзиши роҳу услуҳои инноватсионии забонҳои хориҷӣ, муошират ва фикрронии омӯзгорони забони англисӣ зимни гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ буд. Семинари таълимӣ-методӣ аз рӯи барномаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо”, “English without borders” доир шуд. Семинар – трейнинги мазкур мавзӯҳои “Истифодаи методҳои инноватсионӣ барои беҳтар кардани муошират ва фикронии омӯзгорони забони англисӣ” ва “ Ташаккул додани технологияи муосири хониши матнро” дарбар мегирад.
Семинари мазкур рӯзи 19-уми январ низ доир шуда, пас аз ба итмом расидан иштирокчиён соҳиби сертификати барномаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” “English without borders” мегарданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа