Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ

Имрӯз,Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон, ки раҳнамои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мебошад, тамоми кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар маҷлисгоҳҳову толор ва синфхонаҳои барҳавои панҷ бинои таълимӣ сарҷамъ гардида, дастаҷамъона тамошо карданд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз ироаи Паёми навбатӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ изҳори хушҳолӣ намуда, ин раҳнаморо сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳад.
Дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи илму маориф эҳсос мегардад ва баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф ба 40%, ки дар Паём таъкид шуд аз таваҷҷӯҳи Робари давлат гувоҳӣ медиҳад. Кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ масъалаҳои вобаста ба соҳаи мазкурро, ки дар Паёми Сарвари давлат баён гардид, мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, дар амалинамоии он саҳмгузорӣ менамоянд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like