Чорабиниҳои ниҳоии мактаби Байналмилалии илмии ҷавонон дар Шаҳри Ереван

Дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон 21 декабр барномаи чорабиниҳои ниҳоии мактаби Байналмилалии илмии ҷавонон бо номи “Мушкилоти мубрами ҳамкории кишварҳои ҳамгироии Авруосиё дар соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ” доир шуд. Барномаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Ташаккули фазои ягонаи илмӣ-таълимии кишварҳои ҳамгироии Авруосиё” баргузор гардид.
Дар ин чорабинии байналмиллалӣ иштирокчиён лоиҳаҳои худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод карданд. Дар доираи чорабинии мазкур маросими имзои созишномаҳои ҳамкорӣ байни роҳбарони Консорсиуми донишгоҳҳои олии фазои Авруосиё баргузор гардид. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов муаррифӣ кард. ДДҲБСТ аъзои Алянси байналмиллалии таълимию илмӣ гардид.
Дар тӯли се ҳафта иштирокчиён консепсияҳои худро ба лоиҳаҳои мукаммали барои татбиқ омода, такмил доданд. Ҳайати ҳакамон натиҷаҳои кори донишҷӯенро арзебӣ намуданд. Дар доираи Мактаб иштирокчиёни 6 кишвар- Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ба 5 даста аз рӯи 5 самти мавзӯъ тақсим шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандагони мактаби Байналмилалии илмии ҷавонон Донишгоҳи давлатии академии илмҳои гуманитарӣ ва академияи минтақавии Русия дар Арманистон буд.

You might also like