Боздид ва шиносоии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ аз ДДҲБСТ

Дирӯз, гурӯҳе аз хатмкунандагон аз муассисаҳои таълимии миёнаву умумии №22, №23 ва Гиназияи №24-и шаҳри Хуҷанд, МТМУ№4-и ноҳияи Ашт ва хатмкунандагони Литсейи ДДҲБСТ бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия, пояи моддиву техникӣ ва шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ин муассисаи бонуфузи касбии олӣ ташриф оварданд.
Хатмкунандагони мактабҳо ҳамроҳи омӯзгорони хеш нахуст аз Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ дидан карда, бо шароиту имкониятҳои лабараторияву синфхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ аз наздик шинос шуданд.
Зимни суҳбат бо хатмкунандагон муовинони ректор ва масъулини бахши тарғиботи донишгоҳ ба онҳо доир ба базаи моддиву техникӣ, ихтисосҳо ва шароити таҳсил дар донишгоҳ маълумот доданд.
Дар ин рӯз ба хатмкунандагони ташрифоварда сомона ва фейсбуки донишгоҳ, ки аз он тамоми хатмкунандагон метавонанд доир ба фаъолияти донишгоҳ маълумот гиранд, муаррифӣ гардида, ҳамзабон ба онҳо буклет ва дигар маводи тарғиботии донишгоҳ тақдим шуд.
Тамоми хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар вақтҳои фориғ аз дарс ҳамроҳи устодон ва волидайни хеш ба ДДҲБСТ ташриф оварда, доир ба фаъолияти он маълумот гиранд.

You might also like