ДДҲБСТ: Академик Бобоҷон Ғафуров – чеҳраи барҷастаи миллат

22 декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ибтикори факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Академик Бобоҷон Ғафуров – чеҳраи барҷастаи миллат” баргузор шуд.
Дар оғози кори конференсия, декани факултет, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Мунира Акмалова баромад намуда, иброз дошт, ки конференсияи мазкур ҷиҳати бедор намудани ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон замина мегузорад.
Сипас, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ки чанд рӯз пеш дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе доир гашт, дар мавзӯи “Академик Бобоҷон Ғафуров – муаррифгари беҳамтои миллат” баромад карда, таъкид намуд, ки имрӯз насли наврас, ҷавонон ва тамоми мардуми кишвар ба худшиносӣ, худогоҳӣ, кору пайкор ва осори фарзандони фарзонаи миллат беш аз пеш ниёз доранд, аз ин рӯ корномаи илмии аллома Бобоҷон Ғафуров барои донишҷӯёни мо басо ибратомӯз аст. Дар идомаи ҳамоиш мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, досент Мунзифа Пӯлотова роҷеъ ба “Саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар ҷалби муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва олимони тоҷик ба созмони ЮНЕСКО”ва муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Н.А. Ҳошимова дар хусуси “Саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар ташаккули илми таърихшиносӣ” маърӯзаҳо намуданд.
Қайд карда шуд, ки фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Солҳои тӯлонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, шарқшиносӣ буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.Хизмати ин олими забардаст инчунин дар интишори силсилаи осори хаттии халқҳои Шарқ басо бузург буда, бо ташаббуси ӯ аз хазинаи осори классикӣ беҳтарин офаридаҳои олимону шоирон ва нависандагони Шарқи қадим ва асрҳои миёна дастраси ҷаҳониён гаштанд. Таҳлили фаъолияти илмиву созмондиҳандагии академик Бобоҷон Ғафуров нишон медиҳад, ки ӯ дар роҳи ба ҳам наздику ошно намудани тамаддуни халқҳои Шарқу Ғарб саҳми арзанда гузоштааст.
Баргузории конфронси мазкур дар ташаккули афкори ҷавонон замина гузошта, онҳоро ба омӯзиши амиқи таъриху фарҳанг ва шинохту арҷгузории хизматҳои шахсиятҳои сарсупурдаи миллат раҳнамун хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like