Пирӯзии донишҷӯи донишгоҳ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Идрис Сатторов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Муҳорибаҳои омехта, ки дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе доир шуд, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардид. Донишҷӯи донишгоҳи мо дар ин мусобиқа ба се ҳарифаш дастболо шуда, дар даври ниҳоӣ ноком шуд ва дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ соҳиби мақоми дуюм дониста шуд. Барои пирӯзӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба Идрис Сатторов медалу, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯи ДДҲБСТ Идрис Сатторов аз рӯи намуди ММА дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ғолиби ҳафткаратаи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гардидааст. Ҳамчунин ӯ дар мусобиқаҳои минтақавиву байналмилалӣ дар мамлакатҳои Қазоқистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат намуда, ғолибият ба даст овардааст.
Идрис Сатторов кӯшиш дорад, ки машқу тамринҳояшро бештар намуда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд иштирок карда, парчамбардори давлати хеш гардад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like