Донишҷӯёни ДДҲБСТ ғолиби озмунҳои вилоятии “Донишҷӯи сол-2023” ва “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” гардиданд

Имрӯз дар толори расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои вилоятии “Донишҷӯи сол-2023”, «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023» ва “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” баргузор гардид.
Аз рўи равияи фанҳои гуманитарӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Омина Ҳидоятова – донишҷӯи курси 4-уми факултети иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ғолиб дониста шуд.
Донишҷӯёни дигари ДДҲБСТ Шамсиев Абдуҳафиз ва Рустамов Мирзошероз дар номинатсияи ихтирокорони ҷавон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Раиси вилоят ба ғолибони озмунҳо мукофотҳои пулӣ ва дипломҳоро супорид.

You might also like