Ширкати омӯзгорони донишгоҳ дар барномаи табодули академӣ

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ давоми чанд рӯз аст, ки омӯзгорони донишгоҳ Муҳайё Салимова ва Муаззама Каримова ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Фарғона дарс гуфтанд.
Ҳамзамон омӯзгорони ДДҲБСТ бо ҳамтоёни хеш аз Донишгоҳи давлатии Фарғона суҳбату мулоқот анҷом дода, табодули таҷриба карданд.
Бояд қайд намуд, ки таҷрибаи омӯзгорони донишгоҳ оид ба хондани лексияҳо барои донишҷӯёни хориҷи кишвар рӯз аз рӯз бештар гардида, ҳамасола омӯзгорони донишгоҳ барои хондани лексияҳо, гузаронидани мастер-класс барои донишҷӯёни МТОК хориҷи кишвар омодагӣ дида, онро дар сатҳи баланд ташкил мекунанд, ин самти кори онҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва аз аккредитатсияи байналмилалии гузаронидани ихтисосҳои боқимондаи донишгоҳ ҳело муфид мебошад.
Яке аз ҳадафҳои асосии иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ дар барномаи табодули академӣ ин ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ мебошад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯёни ДДҲБСТ дар барномаи табодули Донишкадаи политехникии Фарғона иштирок намуда буданд.

You might also like