ДДҲБСТ соҳиби Ҷоми Раиси вилоят гардид

Имрӯз, 18 декабри соли 2023 дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи намуди волейбол байни кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаю идораҳои вилоят барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқаи мазкур кормандони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои вилоят иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар ин мусобиқа дастаи бонувони волейболбози ДДҲБСТ бо шикаст додани ҳарифони хеш соҳиби мақоми аввал ва Ҷоми мусобиқа шуд. Дар даври ниҳоӣ дастаи ДДҲБСТ бо тими ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров рақобат кард. Бозии дастаҳои мазкур хеле диданӣ ҷараён гирифта, то дақиқаҳои охири бозӣ дастаҳо кӯшиш намуданд. Тими ДДҲБСТ ниҳоят ҳарифи хешро дар даври ниҳоӣ шикаст дода, ғолиби мусобиқаи вилоятӣ гардид.
Дар дар фарҷоми мусобиқаи варзишӣ ба ғолибону ҷоизадорон медалу диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят тақдим шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like