Коррупсия ва хатари он ба чомеа

Бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили коррупсия, шомилашиии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, қонуншиканиву ҷинояткорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коррупсия дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳо ташкилу баргузор гардиданд.
Дар чорабиниҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ниҳодҳои муборизабаранда ба коррупсия баромад намуда, иброз доштанд, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчуни зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид. Илова гардид, ки дар ҷаҳони муосир коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кушиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро гиранд. Баромадкунандагон инчунин вобаста ба аҳамияти Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, оқибатҳои хисороти ин зуҳуроти манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии мамлакат ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карданд. Иштирокчиён инчунин дар мавзуъҳои «Сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муқовимат бо фасод – омили рушд» ва «Нақши ҷавонон дар муқовимат ба коррупсия» ҳамзамон пешгирии гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ маърузаҳо ироа намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, мубориза ба падидаҳои номатлуб мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like