Иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони ДДҲБСТ дар барномаи табодули академӣ

Дар асоси ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишкадаи политехникии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаҳои 04-09 декабри соли 2023 намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон – доктори илмҳои иқтисод, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Далерҷон Дадоматов, дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ Дадохон Аминов, мудири кафедраи забони англисӣ, дотсент Дилором Маҷидова, дотсенти кафедраи забони англисӣ Малика Мирзоҷонова ва 11 нафар донишҷӯёни факултетҳои технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, бизнес ва иқтисодиёти байналҳалқӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ барои иштирок дар барномаи байналмилалии табодули академӣ ба Донишкадаи политехникии Фарғона сафарбар намуданд. Дар вақти сафар омӯзгорони ДДҲБСТ барои донишҷӯёни ДПФ лексияҳо ва мастер- класс гузарониданд. Ҳамзамон, донишҷӯён бо фаъолияти Донишкадаи политехникии Фарғона аз наздик шинос шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи давлати ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 3 ихтисоси амалкунанда, муносибатҳои байналмилалӣ, молия ва қарз ва ҳуқуқшиносиро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидаст ва иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисосҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар барномаи табодули академӣ, барои омода намудани ихтисосҳои зикргардида ва гузаронидан аз аккредитатсияи байналҳалқӣ ҳело муфид мебошад.

You might also like