ДДҲБСТ: Маросими супоридани Стипендияҳои раёясати донишгоҳ ба донишҷӯёни фаъол

Шаш сол мешавад, ки бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар донишгоҳ Стипендияи раёсати донишгоҳ роҳандозӣ гардида, донишҷӯёни фаъол ба гирифтани он шарафёб мешаванд.
Имрӯз дар маҷлисгоҳи донишгоҳ маросими супоридани Стипендияҳои раёсати донишгоҳ доир шуд. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода донишҷӯёни фаъолро ҷиҳати ноил шудан ба гирифтани Стипендияи раёсати донишгоҳ шодбош намуда, онҳоро ба омӯзиши пайваста, фаъол будан дар корҳои ҷамъиятӣ, доштани ахлоқи ҳамида ва дар рафтору кирдор намуна будан ба ҷавонони дигар даъват кард. Шарифзода М.М. илова намуд, ки озмуни барои гирифтани Стипендияи раёсати донишгоҳ бо мақсади дарёфт ва ҳафасмандгардонии хонандагон, донишҷӯёну магистрантон, ки давоми таҳсил ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд ва бо фаъолияти хеш дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи донишгоҳ ҳиссагузорӣ менамоянд, таъсис дода шудааст.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни Стипендияи раёсати донишгоҳ шаҳодатномаҳо тақдим гардид ва ба донишҷӯёни фаъол ва ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ Ифтихорномаву Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like