Баргузории семинари тарбивӣ бахшида ба поси хотири Қаҳрамонони Тоҷикистон ва ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси муаллими калони факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣАълохон Бобозода семинари тарбиявӣ дар мавзӯи “ИН ВАТАНРО СОХТАН ОСОН НАБУД!” ба поси хотири Қаҳрамонони Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик ташкил карда шуд.
Дар кори семинар садорати факултет ва устодону донишҷӯёни фаъоли факултет ширкат варзиданд. Ҳадафи ташкили семенари мазкур ин таблиғи ҷавонон ба ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва ташаккули ҳувияту худшиносӣ буд. Инчунин мақсади дигари кори семенар маҳз ба он равона буд, ки насли наврасу ҷавон бояд қаҳрамони давлату миллати худро шиносанд ва аз шоҳкориҳову ҷонисориҳои онҳо барои озодиву ободии ин меҳан огаҳ бошад. Дар рафти семинар устод ва донишҷӯён хеле фаъолона вобаста ба мавзӯи интихобгардида андешаронӣ карданд.
Маърӯзакунандагон бо истифода аз технологияи чандрасонаӣ, презентатсияҳо ва филмҳои кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ барои шунавандагон пешниҳод намуданд. Боиси зикр аст, ки дар кори семенар оид ба ҳаёту фаъолият ва барои кадом хизматҳо Қаҳрамони Тоҷикистон шудани Садриддин Айнӣ – донишҷӯ Муҳамадова Дилшодахон, оид ба зиндагиномаи академик Бобоҷон Ғафуров – донишҷӯ Абдуллоев Муҳаммадхон, оиди ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода – Умеди Раҳматҷон, оиди пойдории сулҳу суботи кишвар ва тақвияти давлатдории миллӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон –донишҷӯ Юсуфзода Махфиратхон, оиди фарзанди фарзонаи миллат Нусратулло Махсум – донишҷӯ Лакимова Меҳрона ва роҷеъ ба фарзанди сарсупурдаи ватан Шириншоҳ Шоҳтемур – донишҷӯ Холиқзода Билол баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Чорабинии адабиву фарҳангӣ ба семинар ҳусни анҷом бахшид.

You might also like