“Пешвои мо-ифтихори мо” баргузори аксия дар ДДҲБСТ

Имрӯз ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аксия таҳти унвони “Пешвои мо-ифтихори мо” баргузор гардид. Дар чорабинӣ устордону донишҷӯён дар даст бо шиору овезаҳои ватандӯстона ва парчамҳои миллӣ ширкат намуда, макони баргузории аксияро ба идгоҳи ҳақиқӣ табдил доданд.
Аксияи “Пешвои мо-ифтихори мо” бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, сараввал ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода қайд намуд, ки бузургтарин сарвати ҳар як давлату миллат фарзандони ватандӯст, ватанпарвар, боистеъдод, бофарҳанги он мебошад. Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили чунин шахсиятҳое мебошанд, ки дар лаҳзаҳои басо ҳассосу сарнавиштсози таърих масъулият ва зимоми идораи кишварро ба даст гирифта, кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ чун мамлакати ташаббускору пешрафта муаррифӣ карданд. Истеъдод, ҷасорату матонат, дониши мукаммали сиёсии ин абармарди барҷаста дар ҷорӣ кардани тартибу низом, сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфоии кишвар, беҳбудии рӯзгори мардум намоён мешавад, илова шуд дар идома.
Сипас, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мухтор Толибзода баромад намуданд. Иброз шуд, ки баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тантанаи ваҳдат ва ҳамгироии мардуми Тоҷикистон, ки ҳосил аз хидматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳёи миллат ва давлатдории миллист, талошҳои тоҷиконро дар бунёди ҷомеаи демократӣ аз иқтидори азими маънавӣ бархурдор намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои сарнавиштсози миллат мебошанд. Ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин абармарди таърихи навин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргириҳои дохилӣ раҳоӣ ёфта, имрӯз чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ мақоми сазовор гирифтааст ва акнун, онро тамоми мардуми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд, қайд гардид дар идомаи аксияи “Пешвои мо-ифтихори мо”.
Ҳамзамон, чанде аз донишҷӯён дар мавзӯҳои Ватану Истиқлол, Сулҳу Ваҳдат ва доир ба хизматҳои Сарвари давлат шеъру гуфторҳо қироат намуданд.
Дар идома, чанде аз кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаву Ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.
Аксияи “Пешвои мо-ифтихори мо” бо роҳпаймоии иштирокчиёни чорабинӣ хотима ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like