Ғолибияти омӯзгори ДДҲБСТ дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Котиб-коргузори кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Назира Ғаниева дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон, гурӯҳи омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардид.
Ҳамзамон донишҷӯи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ Шамсия Мадалиева ҷиҳати иштироки фаъолона дар даври ниҳоии озмуни мазкур бо Ифтихорнома қадршиносӣ шуд.