Нақши табодули академӣ дар замони муосир
19 октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ДДҲБСТ чорабинӣ оиди иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар барномаҳои табодул гузаронида шуд.
Чорабинии мазкурро ректори донишгоҳ, Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, дар бораи рушди ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбиии дохил ва хориҷи кишвар ибрози андеша кард.
Дар идома, директори донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ -металургии Тоҷикистон Жен Генътян баромад карда, оид ба ҳамкории маркази Конфутсий бо ДДҲБСТ баромад намуд.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов дар мавзӯи “Нақши табодули академӣ дар замони муосир” ва мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Абдураҳим Ҷӯраев дар мавзӯи “Аз таърихи табодул дар ДДҲБСТ” баромад карданд.
Сармуаллими кафедраи забонҳои хориҷӣ Завқиддин Рустамзода дар баромади худ иштирокчиёнро бо барномаҳои табодул ба Хитой ва аҳамияти омӯхтани забони хитоӣ сухан кард.
Дар чорабинӣ донишҷӯён, хатмкунандагони факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалие, ки айни замон таҳсили худро дар Хитой идома дода истодаанд, тариқи онлайн табрикоти худро бахшида ба 30- солагии таъсисёбии донишгоҳ баён намуданд. Донишҷӯи курси 4-и факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ Амир Ҳамидов дар бораи таҷрибаи худ дар вақти таҳсил дар Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н.Гумилёви Ҷумҳурии Қазоқистон ва донишҷӯёни факултети молия ва андоз дар бораи таҷрибаи худ дар вақти таҳсил дар Донишгоҳи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон бо презентатсия баён намуданд.
Донишҷӯён, иштирокчиёни Лагери тобистонае, ки санаҳои 10-23 июли соли 2023 дар Донишгоҳи федералии Урал ба номи якум президенти Россия Б.Н.Елтсин, оиди таъсуроти худ бо презентатсия баромад намуданд.
Баъдан, чорабинӣ бо ролики табрикоти донишҷӯёни курси 3 факултети муштарак, ки айни замон таҳсили худро дар Донишкадаи молияи Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дода истодаанд, идома ёфт.
Дар фарҷом, ректори донишгоҳ, Шарифзода М.М. барои иштирок ва ҳамкорӣ ба Директори донишкадаи Конфутсий-и назди Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон Жен Генътян ва омӯзгори забони хитоӣ Бийе Вэй сипоснома тақдим кард.