Нақши соҳибкорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар

Дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ чорабиниҳои мухталиф ташкилу баргузор гардида истодаанд.
Ба ин муносибат дирӯз дар кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи донишгоҳ таҳти унвони «Нақши соҳибкорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар» мулоқот доир шуд. Вохӯрӣ бахшида ба 30-солагии ДДҲБСТ ва Рӯзи соҳибкорон доир шуда, дар он садорати факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ, мутахассисони ҶДММ «Фаровон-1» Умедҷон Раҷабов ва Умедҷон Солиев иштирок ва баромад намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот мутахассисон оиди фаъолияти корхонаи мазкур маълумот дода, бо донишҷӯён саволу ҷавоб ва суҳбати озод карданд. Намояндагони ҶДММ «Фаровон-1» аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки дар коргоҳи онҳо имконияти кору фаъолият зиёд аст. Донишҷӯёне, ки соҳиби донишу малакаи касбӣ мебошанд, пас аз хатми донишгоҳ бо маоши хуб ва ҷойи кории мусоид таъмин хоҳанд шуд.

 

 

 

You might also like