Забон рукни асосии миллат ва давлат
3 октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст” баргузор шуд. Конференсия ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ, ки ҳамасола санаи 5 октябр қайд мегардад, доир шуд. Дар кори ҳамоиши вилоятӣ раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, муовини ректор оид ба таълими ДДҲБСТ Ҳаким Ғаюров ва олимону забоншиносон иштирок ва баромад карданд.
Дар оғози ҳамоиш иброз шуд, боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад. Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду гастариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.
Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.»
Дар идомаи конференсияи вилоятӣ як зумра олимону забоншиносон Туғрал Шокириён, Мӯсо Олимҷонов дар мавзӯҳои мухталиф маърӯза карданд.
Таъкид шуд, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо навиштаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад, зикр шуд дар ҳамоиш.
Дар интиҳо таъкид шуд, ки пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.
Конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст” бо қадршиносии чанде аз кормандону устодони донишгоҳ бо Медалу Ифтихорнома ва Сипосномаҳои КИ ҲХДТ ва барномаи фарҳангӣ анҷом пазируфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа