ДДҲБСТ: Баргузории чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон
Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр қайд карда мешавад, чорабинии адабиву фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳаққи устод аз падар беш аст…” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон шодбош гуфт.
Қайд гардид, ки дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузургарзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа, ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсонӣ номидаанд.
Шарифзода М.М. илова кард, ки сазовори эҳтироми самимӣ ва ифтихору сарбаланди ҷомеа гардидани омўзгор ин самараи заҳмати рўзафзун, ҳисси баланди масъулият дар назди ҷомеа ва ниҳоят шарафи баланди инсонии ўст.
Як зумра дастовардҳоеро, ки тайи солҳои охир ҷомеаи маъвои маърифатамон ба онҳо соҳиб гардид, метавон самараи ҷидду ҷаҳди устодони кори таълиму тарбия арзёбӣ кард, илова шуд дар идома.
Сипас, ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чанде аз кормандону устодон, собиқадорони соҳа бо Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.
Барномаи фарҳангиву фароғатии дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ, ки тараннумгари меҳнату заҳмат ва фаъолияти мондагори омӯзгорон буд ба чорабинии адабиву фарҳангӣ анҷом пазируфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа