Баргузории Форуми “Рушди имкониятҳои навоварӣ, технологӣ ва шуғлнокии ҷавонон” дар ДДҲБСТ

29 сентябри соли 2023 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форуми 5-уми Jobify tech fest дар мавзӯи “Имкониятҳо барои навоварӣ, технология ва шуғлнокии ҷавонон” доир гардид. Форуми мазкур бо ибтикори Парки технологии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ташкил гардид.
Дар кори Форум ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Наимҷон Тоҳирзода ва директори Парки технологии ДДҲБСТ Абдураҳмон Маҳмудов иштирок ва баромад карданд.
Нахуст, иштирокчиён аз дастовардҳои Парки технологӣ ва ширкатҳои ҳамкори он дидан намуданд.
Иброз шуд, ки Форум ин чорабинии доимии Парки технологии ДДҲБСТ буда, ба масъалаҳои мубрами шуғли ҷавонон, рушди имкониятҳои навоварӣ ва технологӣ бахшида шудааст.
Ҳамзамон, дар Форум иштирокчиён маълумот дар бораи ҷойҳои нави кории холӣ ва имкониятҳои беҳтарин барои ҷавонон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа маълумот пайдо карданд.
Инчунин, дар идомаи Форум семинарҳои ҷолиб ва ҷаласаҳои иттилоотӣ, ки аз ҷониби мутахассисони пешбари соҳаи IT, ВАО, инноватсия ва санъат гузаронида шуд. Мутахассисон аз таҷрибаашон нақл карда, барои пайдо кардани кор ва фароҳам овардани имконият ба иштирокчиён маслиҳатҳо доданд.
Дар интиҳо барои ҳамкорӣ ба намояндагони ширкату ташкилотҳо ва иштирокчиёни фаъол Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like