ДДҲБСТ: Мавлоно ва худшиносии миллӣ
Имрӯз ба муносибати Рӯзи Мавлоно, ки ҳамасола 30-юми сентябр таҷлил мегардад, дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи тарбиявӣ баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ибтикори кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ баргузор шуда, дар он намояндагони раёсати донишгоҳ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар конфронс, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Шавкат Рустамов дар мавзӯи “Мавлоно ва тарбияи ахлоқии башарият” ва мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Шӯҳрат Саидзода дар мавзӯи “Мавлоно зидди ифротгароӣ ва терроризм” баромад карданд. Иброз шуд, ки шахсияти Мавлоно ва осори гаронбаҳояш дар дили тоҷикон асрҳо боз ҷойгоҳи махсус дорад. Таҷлили ҳамасолаи зодрӯзи ин абармарди фарҳангу адаб, ки барои ваҳдат, ягонагии миллат, дӯстиву рафоқат ва дурӣ аз душманиву ситез байни инсонҳо суханони ноб гуфтааст, шаҳодати худшиносии миллии мо тоҷикон мебошад.
Зикр шуд, ки Мавлоно шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, дар Аврупо мардум аз ҳама бештар ба харид ва омӯзиши осори ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Гуфта шуд, ки осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳашт қарн инҷониб дар рушди тафаккури маънавии ҷомеаи башарӣ замина гузошта меояд ва ҷомеаро ба худшиносиву худогоҳӣ даъват менамояд.
Дар конфронс донишҷӯён низ перомуни шарҳи ҳол ва осору ашъори ин абармарди олами шеър ибрози андеша карда, шеъру гуфторҳо қироат намуданд.
Баргузории чунин ҳамоишҳо дар тафаккур ва андешаи ҷавонон худшиносиву инсондӯстӣ, тарғиби ахлоқи ҳамида ва ба камол расидани инсони комилро талқин медиҳад.