Баргузории чорабиниҳои мухталиф бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар донишгоҳ
Ҳамасола, дар сатҳи шоиста истиқболи Рӯзи омӯзгорон нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони зиндагии пурсаодат маҳсуб меёбад.
Бо мақсади арҷгузории заҳмати омӯзгор ҳамасола якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари мамлакат Рӯзи омӯзгорон шинохта шуда, чорабиниҳои гуногун ташкилу баргузор карда мешаванд. Ба ифтихори гиромидошти Рӯзи омӯзгор дар факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони “Раҳнамои ҷовидонам омӯзгор” баргузор шуд.Дар чорабини муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шаҳноза Норматова, декани факултети мазкур Ҷамшед Тӯразода ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ қайд шуд, ки дар воқеъ саҳми устод-омӯзгор дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва бо роҳи рост ҳидоят намудану омӯзонидани дарси зиндагӣ назаррас мебошад. Таъкид шуд, ки рушд ва ояндаи ягон ҷомеаро бе заҳмати омӯзгор наметавон тасаввур кард. Зеро омӯзгор дар тарбияи насли ояндасоз ва мутахассисони баландихтисос нақши арзанда дорад. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгор дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб кард ва тавре иброз медоранд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад».
Ҳамчунин, дар факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ маҳфили “Аудиторони муосир” доир шуд, ки ба Рӯзи омӯзгорон бахшида шуд.
Дар ҷараёни баргузориии чорабиниҳо донишҷӯён порчаҳои назмиву насрӣ қироат намуданд, ки тараннумгари хизматҳои шоён ва заҳмату меҳнати назарраси омӯзгорон буд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа