Тақвияти ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Фарғона

Давоми солҳои охир ҳамкориҳои судманд дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла соҳаи маориф ва илм байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба назар мерасанд, ки дар он нақши роҳбарони ҳарду мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бағоят бузур аст.
Натиҷаи муносибати дуҷонибаи хуби Роҳбарони Олии ҳарду мамлакат аст, ки ҳамкорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди ҷониби Ӯзбекистон густариш ёфта, дар заминаи он муассисаҳои касбии олии ҳарду кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи он фаъолияти назаррас доранд. Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расида, дар заминаи он бори аввал дар мамлакат факултети муштараки ДДҲБСТ ва ДМТ ташкил шуда буд, ки фаъолияти он назаррас мебошад.
Солҳои охир, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақвият дода истодааст, ки шумораи он ба 17 адад мерасад.
Дар доираи ҳамкориҳо ва даъвати роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Фарғона вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода доир шуд. Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмию таълимӣ, коркарди усулҳои нав барои беҳтар намудани сифати таҳсилот, табодули устодони варзида барои тадриси донишҷӯён, дар робита бо тадқиқоти илмӣ анҷоми корҳои илмию тадқиқотии муштарак, аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ ҷалб кардани магистрантон, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ, кӯмак барои баланд бардоштани дараҷаи илмии устодону олимон, иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ ва илмию назариявӣ, ҳамоиш ва семинарҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, асарҳои илмию тадқиқот, дастурҳои таълимь, ба стандартҳои ҷаҳонь мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот аз мавзӯҳое буданд, ки барои солҳои 2023-2024 байни Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, роҳбарони донишгоҳҳо аз осорхона ва биноҳои таълимии ДДФ дидан карданд.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд дар самти илму таълим байни донишгоҳҳо бо қарори Шӯрои Донишгоҳи давлатии Фарғона аз 27 июни соли 2023 таҳти №11 ба ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии Фарғона дода шуд.
Дар интиҳо ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳамкориҳо байни ин ду муассисаи касбии олӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like