ДДҲБСТ: Либоси миллӣ – баёнгари фарҳанги миллӣ
Ҳар як миллат соҳиби таърих, забон, фарҳанги миллӣ, арзишҳо ва муқаддасоти худ мебошад, ки дар арсаи байналмилалӣ бо ин нишонаҳо муаррифӣ мешавад. Дар радифи ин арзишҳо либоси миллӣ низ муаррификунанда ва баёнгари фарҳанги миллии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Ин нукта зимни баргузории чорабинии тарбиявӣ, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони “Либоси миллӣ – баёнгари фарҳанги миллӣ” баргузор гардид, баён шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, намояндагони раёсати донишгоҳ ва садорати факултети молия ва андоз иштирок ва баромад карданд. Иброз гардид, ки ба арсаи чаҳонӣ баровардани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, либоси зебои миллӣ – атласу адрас ва чакан, ҳамчун сарвати нодир ва бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик бо шарофати сиёсати хирадмандона ва табъу завқи баланд, оянданигарии поянда ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Илова шуд, ки пӯшидани либоси миллӣ ин пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои аҷдодӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастиро баён мекунад.
Аз донишҷӯдухтарон даъват ба амал оварда шуд, ки пайваста либоси миллӣ азбар намуда, ба он арҷ гузоранд ва аз тақлид ба либоси ғайр худдорӣ намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа