Мизи мудаввар «Ташаккули миллати солим тавассути арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии Русия»
Санаи 15 май дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дар доираи Форуми V иқтисодии академии Москва мизи мудаввар дар мавзӯи «Ташаккули миллати солим тавассути арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии Русия» баргузор гардид. Мубохиса ба масъалаи вобастагӣ байни маданият ва тандурустӣ бахшида шуд.
Дар мизи мудаввар зиёда аз 40 нафар иштирок доштанд. Аз ҷумла, намояндагони як қатор донишгоҳҳо, инчунин намояндагони роҳбарияти ш. Екатеринбург, сохторҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои фарҳангӣ ва динӣ аз саросари Русия ва хориҷа ширкат варзиданд.
Дар ин чорабини муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.и., профессор Бобоҷонов Д.Д. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Маърузаи Бобочонов Д.Д. ба «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» , «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва лоиҳаи сармоягузории «Миллати солим», ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст, бахшида шуд.
Дар маърӯза аҳамияти саломатии миллат ва сифати хизматрасонии тиббӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва суботи давлат махсусан қайд карда шуд.