Ғолибияти донишҷӯи ДДҲБСТ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

17 майи соли 2023 дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Донишҷӯи соли сеюми ихтисоси молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Темурмалик Худойбердиев аз фанни назарияи иқтисодӣ дар олимпиадаи мазкур соҳиби мақоми аввал гардид. Барои сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидан ба донишҷӯи ДДҲБСТ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода медалу Ифтихорнома тақдим кард.

Ҳамзамон дар олимпиада 36 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд. 

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷиҳати сазовори мақоми аввал гардидан дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Темурмалик Худойбердиевро табрику муборакбод намуда, барои ӯ барору комёбӣ орзу менамояд.

 

You might also like