Омӯзиши таҷрибаи мутахассисони варзида
Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии кормандони бонк бо донишҷӯёни ихтисоси кори бонкӣ баргузор гардид.
Мулоқот дар Маркази таълимии бонкӣ доир шуда, дар он се нафар аз КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд – сармуҳосиби КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Ҷаъфар Шодиев, муҳосиби асосии шуъбаи ҳисобдорӣ Шоира Ғаффорова ва муҳосиби асосӣ оид ба назорати минбаъда Носир Неъматзода иштирок ва баромад карданд.
Дар мулоқот намояндагони раёсати донишгоҳ, мудири БИМСТ Абдуллоева А. ва Марофиева С. низ ширкат намуданд.
Зимни вохӯрӣ доир ба мавзӯҳои “Баҳисобгирии молиявӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар бонкҳо” ва “Тартиби гузаронидани амалиёт оид ба пасандозҳо дар муассисаҳои “Амонатбонк”” сухан рафт.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур омӯзиши амиқи донишҳои ихтисосӣ, азхуднамоии таҷрибаи кормандони соҳаи бонкӣ, татбиқи донишҳои назариявӣ ба амалӣ арзёбӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Маркази мазкур чунин мулоқоту вохӯриҳо бо кормандони муассисаҳои бонкӣ ба таври ҳамешагӣ ба роҳ монда шудааст.