Саҳми Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ

Имрӯз дар Маркази таҳқиқотӣ таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат воқеъ дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ” баргузор гардид. Мизи мудаввар бо ибтикори Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии Ҳаракат дар  ДДҲБСТ доир гардид. Муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ, дотсент Шаҳноза Норматова мизи мудавварро ифтитоҳ намуда,    меҳмононро муаррифӣ кард ва перомуни нақшу мақоми Ваҳдати миллӣ дар устуворӣ ва таҳкими Истиқлоли миллӣ ибрози андеша кард.

Сипас, котиби Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ баромад намуд. Ӯ иброз дошт, ки Ваҳдату Истиқлолият аз неъматҳои бузурги давлатдорӣ мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба осонӣ ба даст наовардааст. Имрӯз бояд ҳар сокини мамлакат махсусан ҷавонон ба қадри ин неъматҳои бузурги миллӣ расанд ва дар ҳифзу гиромидошташ кӯшиш намоянд.

Дар идомаи мизи мудаввар чанде аз баромадкунандагон, устоди ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Тоҳирҷон Тоҳиров дар мавзӯи”Самари ҳадафи миллии аз бумбасти коммунистони баровардани ҷумҳурӣ”,  устоди дигари донишкадаи мазкур Ҳусейнҷон Қаландаров дар мавзӯи “Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ-таъмини рушди иқтисоди миллӣ”  ва донишҷӯи ДДҲБСТ Рамшед Қобилов таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ- мафҳумҳои баробарарзиш” баромад карданд.

Иштирокчиён низ доир ба фаъолият ва мақсади  Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, инчунин перомуни мақом ва арзиши сулҳу ваҳдат дар шароити ҷаҳонишавӣ ибрози андеша карданд.

You might also like